Баҳси нобоварӣ ба Доналд Трамп
Кумитаи адлияи Маҷлиси намояндагони ИМА баҳсро дар бораи лоиҳаи нобоварӣ ба Президент Доналд Трамп идома медиҳад. Он 11 — уми декабр, пеш аз он ки лоиҳа ба овоз монда шавад, оғоз шуд. Пас аз ҷамъбасти баҳсу мунозираҳо Кумитаи адлияи Маҷлиси намояндагон дар бораи идомаи раванди нобоварӣ дар рӯзҳои баъдӣ овоз хоҳад дод.
Намояндагони ҳизби демократ дар Маҷлиси намояндагон дар лоиҳаи нобоварӣ Президент Доналд Трампро ба суиистифода аз қудрат ва монеа эҷод кардан ба таҳқиқоти конгресс муттаҳам кардаанд. Иттиҳомот ба муносибати ӯ бо Украина вобаста аст. Бояд мушаххас кунанд, ки Доналд Трамп бо додани 391 миллион доллар кумаки низомӣ ба Киев барои таҳқиқи рақибони сиёсии ӯ, аз ҷумла, ноиби пешини Президент Ҷо Байден, ҳамчун фишор истифода бурдааст ё не? Дар бораи иттиҳоми монеа ба таҳқиқи конгресс бошад, Трамп бо он айбдор мешавад, ки ҳазорҳо ҳуҷҷати дархостшударо пешниҳод накард ва садди роҳи гувоҳӣ додани кормандони давлатӣ, ки дар бораи муносибатҳои ӯ бо Украина маълумоти дақиқ доштанд, гардидааст. Трамп ин иттиҳомотро рад ва таҳқиқи импичментро ҳамчун «фиреб»- у «шикори ҷодугарон», мурофиаҳои конгрессро «додгоҳи кенгуру» тавсиф кардааст.
«Озодӣ»
Федератсияи Россия. Патриарх лоиҳаи қонун дар бораи хушунати хонаводагиро номукаммал меҳисобад
Патриархи Москва ва Федератсияи Россия Кирил таъкид кард, ки ба лоиҳаи қонун дар бораи хушунати хонаводагӣ боэҳтиёт муносибат кунанд. Дар изҳороти вай, ки дар сомонаи Шӯрои Федератсия ба нашр расид, зикр гардидааст, ки хушунат дар хонавода амали номақбул аст, аммо набояд ба он бевосита дахолат кард. Ба хотири ёрӣ расондан набояд ба таври қонунӣ ба оилаҳо ворид шавем, зеро оила муқаддас ва ҳалли масъалаҳои он нозук аст. Оила тавассути меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ бунёд ва тақвият меёбад. Табиист, ки дар раванди зиндагӣ нофаҳмии зиёд рух медиҳанд, вале новобаста ба ин, таъсири беруна ба оиларо бояд маҳкум намоем.
- Ба фикри ман, дар лоиҳаи қонун ҳанӯз норасоӣ зиёд аст ва онҳоро бояд бартараф кард, — иброз менамояд ходими дин.
«Парламентская газета»
Раиси парламенти Судони Ҷанубӣ истеъфо дод
Раиси парламенти Судони Ҷанубӣ Энтони Лино Макан, баъди таҳдиди аъзои парламент дар бораи ба ҷавобгарӣ кашиданаш, истеъфо дод. Ба қавли вакилон, ӯ пеши роҳи саъю талош барои мубориза бо коррупсияро гирифтанӣ мешавад ва ноуҳдабароёна роҳбарӣ мекунад. Макан бошад, сабаби истеъфояшро аз эҳтироми зиёд ба роҳбарияти ҳизби ҳокими НОДС маънидод менамояд. Аммо вакилон мегӯянд, ки раиси парламент нагузошт ҳисобот оид ба натиҷаи тафтишоти амалҳои коррупсионӣ ба қонунгузорон пешниҳод шавад ва пешниҳоди вакилонро дар бораи даъвати вазирон барои пурсиш ва баҳсу мунозира ба инобат нагирифт.
«ИА REGNUM»
Ронандагон барои суръати миёна набояд муҷозот шаванд
Дар ин робита вакилони Думаи давлатӣ ба Кодекси қонунвайронкунии маъмурӣ тағйирот дароварданд. Ба фикри онҳо аз фраксияи Ҳизби либералӣ — демократии Россия, ки лоиҳаро пешниҳод кардааст, дар кодекс оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ модда нест, ки дар он «суръати миёна» қайд шуда бошад. Аз ин рӯ, пешниҳод шуд ба моддаи дахлдори кодекс муқаррарот илова гардад, ки ин ҳолатро дастгоҳҳои махсуси назоратӣ дақиқ муайян намоянд. Инчунин, бояд мушаххас шавад, ки суръати аз меъёр баланд дар куҷо ва кадом ҳолат ба амал омадааст.
Ба ин пешниҳод баъзе аз масъулони соҳа мухолифат нишон доданд, вале дар ниҳоят он дастгирӣ ёфт.
Агентии «ТАСС»
Соле се интихоботи парлумонӣ дар Исроил
Дар Исроил тайи як соли охир бори сеюм аст, ки интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Чун фраксияҳои парлумонии Исроил натавонистанд эътилоф ташкил кунанд, вакилон тасмим гирифтанд, ки парлумонро пароканда созанд. Дафъаи охир интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар 17 сентябр барпо шуд.
Сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу гуфтааст, ки натавонист дар муҳлати муқарраршуда ҳукумат таъсис диҳад. Ба ин далел, ҳаққи таъсиси ҳукумат ба роҳбари мухолифон дода шуд, аммо ӯ ҳам аз уҳдаи таъсиси он набаромад. Моҳи май бори аввал дар таърихи Исроил интихоботи такрории парлумонӣ эълон шуд. Вале Сарвазири Исроил боз ҳам эътилоф ташкил карда натавонист. Интихоботи нави парлумонӣ 2 марти соли 2020 таъин гардидааст.
«Озодӣ»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»