Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб – маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» аз 31 июли соли 2019, №368 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Деҳаи Мурғоб — маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 733