Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав
Пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони ноҳияи Шаҳринав «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳия» таҳти №392 аз 31 августи соли 2013 ва «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳия» таҳти №441 аз 4 октябри соли 2013 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Номи шаҳраки Октябр ба шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода ва номи деҳот ва деҳаҳои зерини ноҳияи Шаҳринав тағйир дода шаванд:
- деҳоти Селбур ба деҳоти Истиқлол
- деҳоти Чузӣ ба деҳоти Чуст
- деҳаи Чептура ба деҳаи Шарифободи деҳоти Шаҳринав
- деҳаи Заводи хишт ба деҳаи Коргарони деҳоти Шаҳринав
- деҳаи Чамбул ба деҳаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии деҳоти Боғистон
- деҳаи Ленин – Боғистон ба деҳаи ба номи Ҳабибулло Назарови деҳоти Боғистон
- деҳаи Учхоз ба деҳаи ба номи Абулқосими Фирдавсии деҳоти Боғистон
- деҳаи Турбақалъа ба деҳаи Ҳосилоти шаҳраки Октябр
- деҳаи Отқамоқ ба деҳаи Иттифоқи деҳоти Истиқлол
- деҳаи Тоштеппа ба деҳаи Роҳи нави деҳоти Истиқлол
- деҳаи Бузуқ ба деҳаи Нурободи деҳоти Истиқлол
- деҳаи Уро-ур ба деҳаи Суғдиёни деҳоти Истиқлол
- деҳаи Қизилбулоқ ба деҳаи Файзободи деҳоти Истиқлол
- деҳаи Янгиташкил ба деҳаи Даҳбеди деҳоти Истиқлол
- деҳаи Советобод ба деҳаи Гулистони деҳоти Сабо
- деҳаи Қирғизон ба деҳаи Деҳқонободи деҳоти Сабо
- деҳаи Марқобод ба деҳаи Меҳргони деҳоти Сабо
- деҳаи Турбақалъаи -1 ба деҳаи Баҳори деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Турбақалъаи — 3 ба деҳаи Дӯстии деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Турбақалъаи — 4 ба деҳаи Ваҳдати деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Каттабӯйниқинғир ба деҳаи Ҳаёти нави деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Кичикбӯйниқинғир ба деҳаи Бӯстони ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Каттачиқӯрғон ба деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Кичикчимқӯрғон ба деҳаи Чаманорои деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Қизилбайрақ ба деҳаи Аҷами деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Қизил Октябр ба деҳаи Файзбахши деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Тошохур ба деҳаи Гулободи деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Дурманбулоқ ба деҳаи Лолазори деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Бешбулоқ ба деҳаи Обшорони деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Ойим — 1 ба деҳаи Шарафи деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Ойим — 2 ба деҳаи Ободони деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Ойим — 3 ба деҳаи Баракати деҳоти ба номи А.Ҳасанов
- деҳаи Кофирқалъа-1 ба деҳаи Баҳористони деҳоти Чуст
- деҳаи Кофирқалъа — 2 ба деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Чуст
- деҳаи Хуҷии поён ба деҳаи Хоҷагулпӯши деҳоти Чуст
- деҳаи Кӯтарма ба деҳаи Зарнисори деҳоти Чуст
- деҳаи Чузии боло ба деҳаи Наврӯзи деҳоти Чуст
- деҳаи Ҷарбулоқи миёна ба деҳаи Ҷавонони деҳоти Чуст
- деҳаи Ҷарбулоқи боло ба деҳаи Чашмасори деҳоти Чуст
- деҳаи Ҷарбулоқи поён ба деҳаи Деҳободи деҳоти Чуст.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 16 декабри соли 2013 № 618