Зарбулмасалу мақолҳо дар бораи асп

№1 (3147) 01.01.2014

Аспи оҳангар бе наъл мегардад.

То вақте ки асп надорӣ, наъл накоб.

Ба дандонҳои аспи туҳфашуда нигоҳ намекунанд.

Бо аспи гурусна дур рафта наметавонӣ.

Зани бе шавҳар – аспи бе лаҷом.

Хар худашро аз асп ҳам беҳтар медонад.

Ҳоло ки асп нест, аз хар намон.

Аспи бад соҳибашро зуд пир мекунад, зани бад шавҳарашро.

Аспро дар сафари дур меозмоянд.

Дар як асп ду зин намегузоранд.

Агар тақдир афтидан аст, беҳтар аст аз болои асп афтӣ, на аз болои хар.

Асп дар ғами ҷаву соҳибаш зин овард.

Аспи гурусна дуруст кор намекунад.

Аспи ҳар кас мувофиқи тақдираш метозад.

Асп медавад, аммо савора худро таъриф мекунад.

Аспи танҳо чанг намебардорад.

Ҳоло ки асп надорӣ, ба хар савор шав.

Тамоми ҷаҳонро дар болои асп нишаста забт кардан мумкин аст, аммо идора кардани он аз болои зин мумкин нест.

Аспро ба дандонаш нигоҳ куну духтарро ба дастонаш.

Модари бо асобағал беҳ аз падари савори асп.

Мех наълро нигоҳ медорад, наъл аспро, асп паҳлавонро,  паҳлавон Ватанро.

Асп бо ихтиёри савора медавад.

Баъд аз аспро дузд бурдан бастани тавила чӣ фоида.

Хар ҳарчанд даванд бошад ҳам, асп шуда наметавонад.

Аспро лоғарӣ нобуд мекунад, занро танҳоӣ.

Сухани аз даҳон ҷастаро бо аспи даванд ҳам дарёб карда намешавад.

Бахт, ки баргардад, аспи тозӣ хар гардад.

Аз гузаштан ба пеши буз, аспро аз қафояш ва одами аблаҳро аз чор тарафаш битарс.

Аспе, ки бо он ҷавониро дарёб кунӣ, ҳанӯз таваллуд нашудааст.

 

Аз китоби «Гулчини зарбулмасалу мақолҳои  халқҳои ҷаҳон»  (Душанбе, «Истеъдод», 2012)               

 

Таҳияи Х. Абдуваҳҳоб,  «Садои мардум