Ҳаштуми январи соли 2020, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари фоҷиаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Украина дар наздикиҳои фурудгоҳи шаҳри Теҳрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ҳамдардии амиқ ва ба наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияти самимии хешро иброз медорам».
* * *
Ҳаштуми январи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Владимир Зеленский барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари фоҷиаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Украина дар наздикиҳои фурудгоҳи шаҳри Теҳрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.
Дар ин рӯзҳои ҳузнангез ба Шумо ҳамдардии самимӣ ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияти амиқи хешро иброз медорам».
www.president.tj