ё таҷлили анъанаи 125-сола дар шаҳри Истаравшан
Аҳли зиё ва уламои Истаравшан бар он ақидаанд, ки ороиши Арча ва таҷлили Соли нав дар Осиёи Миёна, аз ҷумла маҳалҳои тоҷикнишини он, баробари ҳамроҳшавии Осиёи Марказӣ ба Россия ба вуқӯъ пайвастааст.
Бино ба шаҳодати академик Аҳрор Мухторов дар китоби «Гузарҳои Ӯротеппа» дар нимаи дуюми қарни XIX, аниқтараш соли 1866, дар ин шаҳр боз як гузари нав бо номи «Гузари Урус» пайдо шуд ва нахустин сокинони он 11 нафар кормандони масъули раёсати маъмурии Россия, аскарони гарнизон ва Лазарети ҳарбии рус будаанд. Ин гузар, ки дар доманаи Қалъаи Муғборгоҳи ҳокимони шаҳр, дар соҳили рости Зарринрӯд, ки имрӯз ҳам маркази шаҳрро ба ду қисми баробар ҷудо мекунад, то ҳол пойбарҷост ва бо номи «Гузари Урус» ёд мешавад.
Бино ба маълумоти бойгонӣ, нахустин мактаби русӣ-туземӣ дар шаҳри Истаравшан соли 1887 ташкил шуда, дар он фарзандони нахустин русҳои ба Истаравшан кӯчбаста таҳсил мекардаанд.
Ин мактаб даставвал ҳамагӣ як омӯзгор дошта, соли 1887 ӯ нахустин Арчаи солинавиро дар ин мактаб оро дода, ба таҷлили нахустин Соли нави 1888 сабаб шудааст. Агар ҳисоб кунем, ба таҷлили ин чорабинӣ дар шаҳри Истаравшан имсол 125 сол мешавад. Яъне, ҷашнгирии Соли нав дар Истаравшан ва навоҳии атрофи он 125 соли расо боз сурат мегирад.
-Иди Соли нав имрӯз ҳам барои мардуми шаҳри Истаравшан аз ҷашнвораҳои дӯстдоштанист. Ба ин муносибат онҳо ду-се ҳафта пештар омодагӣ мебинанд. Хонаҳоро тоза мекунанд, бо кӯрпачаву чизҳои нави дигар муҷаҳҳаз мекунанд, арча меороянд ва ба фарзандону наберагони худ туҳфаҳои солинавӣ таҳия мекунанд ва дар арафаи таҷлили Соли нав рӯзи 31-уми декабр дастурхони идона густурда, онро бо анвои хӯрданиву ошомиданӣ, қаннодиву шириниҳо меороянд ва якҷоя Соли навро истиқбол карда, ният мекунанд, ки соле, ки ба хонадонашон қадам мениҳад, соли нек, бо пойи қадам ва соли тансиҳативу хонаободиҳо бошад, — мегӯяд мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан Муродҷон Сангинов ва боз меафзояд;
-Дар шаҳр бошад, тибқи Қарори махсуси раиси шаҳр «Дар бораи таҷлили Соли нави 2014» аз 10 декабри соли 2013 таҳти №895 иди Соли нав дар тамоми қаламрави Истаравшан бо шукӯҳу хотирмон таҷлил мешавад.
Тибқи ин қарор, кормандони шуъбаи мо ва бахши фарҳанги шаҳр, телевизиону радиои маҳаллӣ вазифадор гаштаанд, ки «Чароғаки солинавӣ»-и хубе таҳия карда, онро бо иштироки пешқадамони истеҳсолот, собиқадорони ҷангу меҳнат, зиёиёну аҳли илму адаб ва санъаткорони шаҳр гузаронида, намоишу пахши онро тавассути телевизиону радиои маҳаллӣ ба роҳ монанд.
Дар шаҳр ба ин муносибат чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аз таърихи 24 декабр сар карда, то 31-уми декабр чорабиниҳои солинавии мактабиён гирди Арчаи солинавӣ дар раёсати маориф гузаронида шуданд.
Рӯзи 26-уми декабр ҷавонон ва санаи 28-уми декабр дар тарабхонаи зебову боҳашамати шаҳр «Гулрез» «Чароғаки солинавӣ»-и фаъолони шаҳр доир гардид.
Раиси шаҳри Истаравшан, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Ғ. Абдуллоев дар арафаи Соли нав барои фарзандони оилаҳои камбизоат, ятимон ва маъюбон «Чароғаки солинавӣ» доир карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуд.
Умед дорем, ки соли нави 2014 соли барои мардуми мо бобарору муваффақият ва пирӯзиҳои зиёд бошад,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Муродҷон Сангинов.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»