Дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ қабл аз ҳама, ҷасорат лозим аст. Шояд бипурсед, ки он ба омӯзиши забонҳо чӣ алоқамандӣ дорад? Бовар кунед, асоси муваффақ гардидан дар омӯхтани дилхоҳ забон ҷасорат мебошад. Тарсу ваҳм инсонро қафомонда мегардонад.
Инчунин, бояд дилпур аз қувваи қавии ҳофиза бошем. Дигар ин ки луғати дар ёддоштаро набояд фаромӯш кард. Гузашта аз ин, таҳкурсии боқувват барои омӯзиши забони англисӣ низ дорем, аммо ба он аҳамият намедиҳем. Шарҳ медиҳам: калимаҳои видео, радио, стоп, спорт, старт, пионер, пепси, арсикола, телефон, айфон, планшет, ноутбук ва ҳазорони дигар кайҳо ба мо маълуманд ва ба тарҷума ниёз надоранд. Акнун дар ёд дошта бошед, ки ҳамин гуна калимаҳои аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ меҳмоншуда ва бе тарҷума қабулшуда беш аз ду ҳазор мебошанд.
Худомӯз метавонад аз китобҳои бешумор, ки нархи дастрас доранд ва хушбахтона, дар мағозаҳои фурӯши китоб бениҳоят зиёданд, истифода барад. Шарт нест, ки китоб калонҳаҷм бошад. Муҳим он аст, ки ҳавасу завқи шуморо бедор кунад. Агар ҳар рӯз 10 калимаро дар ёд гирифта, талош намоед, пас дар 100 рӯз метавонед 1000 калимаи англисиро аз бар карда, бо такрор дар ганҷури ақл мустаҳкам созед. Чунки такрор модари дониш аст. Бе он ва мустаҳкамгардонии омӯзиш ҳаргиз муваффақ нахоҳед шуд. Бояд калимаҳои азхудкардаро бо истифода дар ҷумлаҳои сода машқҳои такрорӣ гузаронед.
Омӯзиши қоидаҳои имлои забони англисӣ мушкилӣ надоранд. Дар забони англисӣ ҳиҷоҳое мавҷуданд, ки дар навишт вуҷуд доранд, вале талаффуз намегарданд. Мисоли одӣ: калимаи «Pine» номи сигор аст. Дар навишт, «пине» навишта шудааст, лекин вақти хондан ё талаффуз «пайн» садо медиҳад. Чунин калимаҳо дар забони англисӣ кам нестанд ва агар қоидаи навишт ва талаффузи онҳоро дар ёд бигирем, минбаъд дар гуфтор хато содир нахоҳем кард.
Роҳи дигари осони омӯзиши забон, рӯ ба рӯ гаштан бо муҳити зисти англисзабонҳост. Агар имкон дошта бошед, лоақал 2 ё 3 моҳ ба давлате сафар намоед, ки забони давлатияш англисӣ бошад. Шумо дар кӯчаҳо гашта, бо калимаҳое, ки ҳар рӯз на кам аз даҳҳо маротиба истифода мебаред, рӯ ба рӯ меоед. Ин амал таҳкурсии мустаҳкам дар омӯхтани забон гашта, шуморо ба қуллаи мурод мерасонад.
Хулоса, тавсия ба онҳое, ки мехоҳанд забонҳои хориҷиро ёд гиранд, ин аст: Натарсед! Бо талош хӯдомӯзӣ намоед. Баъдан, дар ҳайрат меафтед, ки чӣ сон забонеро комилан ёд гирифтаед.
Нурангис СОБИРОВА, омӯзгори фанни забони англисии мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 24-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе