Дар остонаи Соли нави мелодӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ки ба роҳи сипаригардида назар андозем ва онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем. Дар ин замина мебинем, ки соли 2013 барои мардуми Тоҷикистон соли бобарори татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва вусъатёбии раванди худшиносиву худогоҳии миллии мардуми тоҷик буд. Аз ҷумла, аҳли рӯзномаи «Садои мардум» соли 2013-ро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намуданд.
Тавре хонандагони рӯзнома иттилоъ доранд, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Агентии «Тоҷикнашр» аз 23 январ то 8 марти соли 2013 озмуни Ҷоизаи ҷумҳуриявии «Хома- 2012» эълон шуда буд. Дар озмун, ки ба тариқи овоздиҳии электронӣ, яъне паёмакҳо (СМС) сурат гирифт, 69 рӯзномаву маҷаллаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин 26 рӯзноманигор иштирок доштанд.
Дар баргузории озмун одамони соҳиби касбу кори гуногун аз ҳама минтақаи ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти озмун, ки 11 марти соли рафта, яъне дар Рӯзи матбуоти тоҷик сурат гирифт, вобаста ба натиҷаҳои овоздиҳии электронӣ аз ҷониби шаҳрвандон рӯзномаи «Садои мардум» ҳамчун беҳтарин рӯзномаи расмӣ- сиёсӣ бо Ҷоизаи ҷумҳуриявии «Хома -2012» сарфароз гардид.
Муҳаррири шуъбаи маънавиёт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва низоми кори рӯзномаи «Садои мардум» Тиллои Некқадам бошад, ҳамчун беҳтарин рӯзноманигор бо Ҷоизаи ҷумҳуриявии «Хома-2012» қадршиносӣ шуд. Агар соли 2012-ро соли Тиллои Некқадам гӯем, хато намешавад. Аввалан, ӯ барои инъикоси ҳаёт ва корнамоиҳои ҷангии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони башардӯст ва бартарафкунандагони садамаи Чернобил дар саҳифаҳои рӯзномаи «Садои мардум» бо ордени «За услуги»-и Иттифоқи собиқадорони Афғонистони Федератсияи Россия қадр гардид. Баъдан, ду китоби наваш- «Дурахши кинои тоҷик» ва «Устоди ҳунари актёрӣ» тариқи муассисаи нашриявии «Ирфон» чоп шуда, ба дасти хонандагон расид.
Бо ташаббуси мавсуф бори нахуст дар таърихи матбуоти тоҷик (агар собиқ Иттифоқи Советӣ ҳам гӯем, хато намешавад) китоби шарҳиҳолии «Журналистони Бадахшон» (Душанбе, «Нодир», 2005) таҳия ва чоп гардид, ки он дар бораи 160 нафар журналист маълумоти энсиклопедӣ медиҳад.
Яке аз кормандони сермаҳсули дигар – муҳаррири шуъбаи сохтори давлатӣ, қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқии рӯзнома Аъзам Мӯсоев дар соли 2013 маҷмӯи мақола, ҳикоя, очерк ва тарҷумаҳои хешро дар шакли китоби алоҳида, ки «Дурахши нури хуршеди баҳорӣ» унвон гирифтааст, аз чоп баровард. Китоби мазкур аз лиҳози мазмуну моҳият хеле ҷолиб ва муҳим буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Бо дарназардошти саҳми воситаҳои ахбори омма дар рушди ҷомеа бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2013 барои «Беҳтарин мавод оид ба масъалаҳои мубрами экологӣ» озмун эълон гардида буд. 21 июни соли 2013 даври аввали озмун ҷамъбаст гардид. Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев зимни ҷамъбасти озмун иброз дошт, ки ба таваҷҷуҳи ҳакамони озмуни имсола зиёда аз 30 маводи гуногунжанр бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардид. Дар натиҷаи таҳлили амиқ ҳакамон ҷойи аввалро бо 2000 сомонӣ ба муҳаррири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов сазовор донистанд.
Лозим ба ёдоварист, ки Далер Мерганов барои нашри силсилаи мақолаҳои ҷасуронааш вобаста ба ҳимояи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» сазовори ҷойи аввал дониста шудааст. Мақолаҳояш зери унвонҳои «Дархости беасосро посух рад аст», «Ҳарзагӯйиро самар шармандагист», «Лоиҳаи НБО-и «Роғун» сазовори «чароғи сабз» аст», «Мушкилоти экологӣ «зода»-и бархӯрди манфиатҳост», «Лоиҳаи НБО-и «Роғун» бояд дар сархати феҳристи вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бошад», «Олусон ҳамаро каҷ мебинанд» ва ғайра дар саҳифаҳои рӯзномаи «Садои мардум» чоп шудаанд.
Соли 2013 барои суратгири рӯзномаи мо Аҳлиддин Исоев низ соли бобарор буд. Ӯ дар ин сол бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор гардид.
Аз ҷумлаи мавзӯоте, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи «Садои мардум» мунтазам инъикос меёбад, паҳлуҳои гуногуни масъалаи ҳифзи муҳити зист мебошад. Бинобар саривақтӣ, баррасии дақиқ ва таҳлилӣ будани маводҳои дар ин бобат нашрнамудаи аҳли эҷоди рӯзнома онҳо мавриди таваҷҷуҳи мутахассисони соҳа ва коршиносон қарор гирифта, чандин маротиба қадрдонӣ шудаанд. Соли гузашта зимни ҷамъбасти даври аввали озмуни маводҳо дар мавзӯи экологӣ, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда буд, муҳаррири шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа Бурҳониддин Каримзода сазовори ҷойи аввал ва мукофоти таъсиснамуда гардида буд. Вай ҳамзамон дар арафаи 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои озмуни эълоннамудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб дониста шуд.
Имсол низ зимни ҷамъбасти озмуни эълоннамудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат гирифт, дар бахши матбуоти даврӣ корманди рӯзномаи «Садои мардум» Бурҳониддин Каримзода сазовори ҷойи аввал ва мукофот гардид.
Гуфтан бамаврид аст, ки кормандони «Садои мардум» на танҳо дар эҷод, балки дар бахши варзиш низ пешсафанд. Бахшида ба 10- солагии таъсисёбии радиои «Ватан» аз 23 апрел то 2 майи соли 2013 дар толори бинои КВД КТН «Шарқи озод» миёни рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи саққозанӣ (билярд) гузаронида шуд. Дар мусобиқаи мазкур, ки беш аз 30 нафар иштирок доштанд, сармуҳосиби идораи рӯзномаи «Садои мардум» Маҳмадёқуб Бобоев барандаи ҷойи аввал гардид.
Дар соли нави 2014 низ аҳли эҷоди рӯзнома саъй хоҳад намуд, ки фаъолияташонро дар самти тарғиби кӯшишҳои пайгиронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устувор гардонидани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шудани кишвар беш аз пеш рушду тавсеа бахшанд.
Д. АБДУЛЛО, «Садои мардум»