аз 13 январи соли 2020, №10, ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Нуралӣ Марҳабо Мир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН