13 январи соли 2020 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ дар шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Сӯҳроб аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон озод ва Ализода Назирмад ба ин вазифа таъин гардид. Раисони ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе, Қубодиёни вилояти Хатлон, Шуғнони ВМКБ ва Мастчоҳи вилояти Суғд бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод ва ба ин вазифаҳо ҷавонони кордону мутахассисони варзида таъин шуданд.
Мирзозода Низом бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид.
Дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Прокуратураи генералӣ дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Зимни суҳбат бо мутахассисони соҳа Сарвари давлат фаъолияти масъулини ҳар як сохтору мақомоти давлатиро бо мисолҳои мушаххасу таҳлилҳои амиқ баҳогузорӣ намуда, дар назди кадрҳои таъиншуда ҷиҳати рафъи мушкилоту ҳалли масъалаҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
- Бо дарназардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки печидаву пешгӯинашаванда боқӣ мемонад, мо бояд аз ҳарвақта дида, бо масъулияти баланд ба иҷрои вазифаҳои худ муносибат кунем ва дар пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми назаррас гузорем. Он нақшаҳоеро, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба уҳда гирифтаем, сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоем, — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Инчунин, таваҷҷуҳи хоса ба ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ, таъмини волоияти қонун, хизмати поквиҷдононаю содиқона ба халқу кишвари худ аз нуқтаҳои асосии ҳидоятҳои Сарвари давлат буданд.
www.president.tj