Хабарнигорамон дар арафаи Соли нави 2014 бо мудири бахши сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Корманди шоистаи Тоҷикистон Набиҷон Комилов ҳамсуҳбат гардид. Мавсуф соли 2013-ро соли нек ва файзбор номида, аз ҷумла бобати корҳои басомонрасонидаи сохтмонӣ дар вилоят ҳарф зад.
- Соли 2013 соли файзбор ва пур аз ҳодисаҳои муҳиму таърихӣ буд. Бахусус, сохтмончиёни вилояти Суғд дар ин сол корҳои бузургу шоистаро ба анҷом расонида, даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба истифода доданд.
Дар соли 2013 аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 373 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 125,1 фоизро ташкил медиҳад.
Маблағгузории асосӣ бошад, ба 963,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 115 фоизро ташкил медиҳад.
Корҳои сохтмону васлкунӣ бошад, ба маблағи 880,8 миллион сомонӣ иҷро гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 137,3 фоизро ташкил медиҳад.
Зикр кардан зарур аст, ки соли 2013 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншоотҳои муҳим ва асосӣ, ба монанди «Қасри варзиш» барои 3000 ҷойи нишаст, Кӯдакистони Президентӣ барои 1000 нафар атфол, мактаби нав дар маҳаллаи Саноатӣ ва Варзишгоҳ дар маҳаллаи 20 — уми шаҳри Хуҷанд, толори варзишӣ барои 300 ҷойи нишаст дар ноҳияи Ашт, Маркази хизматрасонии «Файз» — и деҳаи Далёни ноҳияи Ғончӣ, бинои мактаби №27 барои 150 нафар хонанда ва мактаби №13 дар деҳаи Ҳ.Усмонов, мактаб бо хобгоҳаш барои хонандагони лаёқатманд, варзишгоҳ барои 7000 нафар тамошобин дар деҳоти «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бунгоҳи тиббӣ дар кӯчаи «Дӯсти»-и шаҳри Истаравшан, бинои нави замонавии прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов, варзишгоҳҳо барои 5 ҳазор ҷойи нишаст ва 4 ҳазор тамошобин дар деҳоти «Чоркӯҳ» ва «Сурх», варзишгоҳ барои 20 ҳазор тамошобин дар шаҳри Исфара ва ғайра сохта ба истифода дода шуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар иншоотҳои сохташуда истифодаи ҳамаҷониба ва оқилонаи масолеҳи маҳаллии бинокорӣ дар вилоят ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа арзиши аслии сохтмон нисбатан паст гардид.
Дар иншооти бунёдшуда ба истифодаи дастоварди устоҳои миллӣ ва санъати миллии меъморӣ эътибори хос дода шуд.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»