Мувофиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ, стандартонӣ ва сертификатсияи маҳсулоти хӯрокворӣ, таҳия, ташкили кор оид ба тасдиқи регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва шартҳои техникӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ, гузаронидани назорати метрологӣ ва санҷиши таҷҳизоти корхонаҳое, ки дар онҳо маҳсулоти хӯрокворӣ коркард мешавад, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, озмоишгоҳҳое, ки ба саноати хӯрокворӣ вобаста мебошанд, муқаррар намудани тартиби коркарди партовҳо ва нобуд кардани маҳсулоти хӯрокворие, ки ба талаботи регламентҳои техникӣ мутобиқ намебошанд, иборат аст. Оё муқаррароти зикршудаи қонун аз ҷониби мақоми ваколатдор татбиқ шуда истодааст? Бо ин мақсад ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат намудем.
Тавре сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии мазкур Суҳроб Ашӯрзода изҳор дошт, яке аз ваколатҳои «Тоҷикстандарт» амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риояи ҳатмии талаботи регламентҳои техникӣ ва баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсол, фурӯш ва воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад. Татбиқи он аз тарафи мақоми зикршуда бо гузаронидани санҷиш ва назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидоре, ки ба истеҳсол ва фурӯшу интиқоли маҳсулоти хӯрокворӣ сарукор доранд, амалӣ мешавад. Ҷиҳати ташхиси сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ Агентии «Тоҷикстандарт» дорои 15 озмоишгоҳи ташхисӣ мебошад, ки се адади он ваколати байналмилалиро соҳибанд. Ин ваколат барои дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудани натиҷаи ташхиси маҳсулоти хӯрокворие, ки дар ин озмоишгоҳҳо амалӣ гашта истодааст, мусоидат менамояд.
- Маҳз бо истифода аз ин озмоишгоҳҳо соли гузашта 2 266 937 кг маҳсулоти ғизоии пастсифат ошкор шуд. Дар ин давра дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентӣ аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 726 243 кг маҳсулоти гӯштӣ, 252 167 кг равғани растанӣ, 22 149 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 513 414 литр нӯшокиҳои гуногуни дигар, 62 446 кг маҳсулоти қаннодӣ, 3 343 кг маҳсулоти ширӣ, 33 831 кг чой, какао, қаҳва, 45 214 кг иловагиҳои ғизоӣ, 101 201 кг намак, 3897 кг консерва, 8480 кг қанду набот, 1636 кг маҳсулоти макаронӣ, 195 108 кг орди гандумӣ, 307 578 дона — қандакҳои хитойӣ, 42 346 дона тухми мурғ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуданд,- зикр кард номбурда. Ба гуфти ӯ, тибқи нақша тавассути гузаронидани вохӯрӣ ва семинар — машваратҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақвият ёфта истодааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид шудааст. Барои мисол, дар асоси дархост 15595 литр нӯшокиҳои муҳлати истифодаашон гузаштаи тамғаҳои «Кока-кола», «Фанта», «Спрайт» аз Ширкати тиҷоратии «Мегаполис», 5940 литр нӯшокиҳои нерубахши «Карабао» аз ҶДММ «Осиё Стандарт», 4662 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ аз ҶДММ «Акваджус», 2470 кг маҳсулоти хӯрока аз ҶДММ «Шивер Тоҷикистон», 11363 кг маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҶДММ «Реал Трейдинг», 1644 кг ғизои кӯдакона ва 244 кг панир аз ҶДММ «Рушон» ва 3800 кг вафлии хушк аз ҶДММ «Марям Мухторпур», 8 кг чойи хушк ва 10 кг қаҳва аз ҶДММ «Армэл» тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда шуд.
Мутахассисони Агентӣ зимни гузаронидани санҷишҳои муштарак бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бозору нуқтаҳои савдо 32 890 кг чойи хушк, 26 827 кг маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла, 3000 кг қиммаи мурғи яхкардашуда (истеҳсоли Туркия), 15000 кг равғани нахл (палма), истеҳсоли Малайзия дар зарфҳои пластикии вазнаш 20 кг, 342 000 дона тухми мурғ ва 744 литр нӯшокиҳои спиртиро, ки ба таври қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, ошкор намуда, аз муомилот гирифтанд. Аз тарафи нозирони Раёсати «Тоҷикстандарт» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари маҳсулоти ғизоии пастсифат, 7360 шиша арақ аз фурӯш боздошта шуд. Натиҷаҳои ташхис нишон дод, ки маҳсулоти мазкур ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқат намекунад.
- Дар доираи корҳои сертификаткунонӣ бо сабаби аз рӯи сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҷавобгӯ набудан 18 тонна чойи сиёҳ (истеҳсоли Ҳиндустон), 219 тонна гӯшти мурғ (истеҳсоли Туркия), 131 тонна равғани нахл (истеҳсоли Малайзия), 107 тонна хурмои хушк (истеҳсоли Ироқ ва Туркия), 10400 кг киви ва 1000 кг бодиринг (истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Покистон), 22000 кг зардолуи хушк (истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), 5000 кг крахмал (истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 60 тонна равғани пахта (истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ғайристандартӣ дониста шуда, барои аз қаламрави ҷумҳурӣ берун баровардан тибқи низоми «Реэкспорт» ба Хадамоти гумрук пешниҳод гардид,-зикр кард ҳамсуҳбатам.
Бино ба гуфти Суҳроб Ашӯрзода, барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок, нақз кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 8096 ҳолат ба маблағи 1 875 770 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.
- Бояд зикр кард, ки ҷараёни несту нобуд намудани маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолиашон гузашта ва ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯй набуда, ки дар натиҷаи санҷиш ва назорати давлатӣ аз бозори истеъмолӣ гирифта шуданд, бо тартиби муқарраргардида бо иштироки комиссия амалӣ мешавад. Тартиби мазкур аз тарафи Агентии «Тоҷикстандарт» дар асоси талаботи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» таҳия гардида, он аз муомилот баровардан ва нобудсозӣ ё коркарди минбаъдаи маҳсулоти хӯроквориеро, ки ба талаботи регламентҳои техникӣ мутобиқ намебошанд, муайян менамояд.
Ҳамсуҳбатам доир ба таҳия ва қабули регламентҳои техникӣ маълумот дода, гуфт, ки ҷиҳати иҷрои «Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2015-2016», ки бо Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2015 тасдиқ гардидааст, лоиҳаи регламентҳои техникии «Бехатарии маҳсулоти хурокворӣ», «Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ» ва «Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ», ки қабули онҳо барои таъмини бехатарии бозори истеъмолии мамлакат ва рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ замина мегузорад, таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрели соли 2016 тасдиқ шуд. Лозим ба ёдоварист, ки қаблан регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» ва регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва сабзавот» қабул шуда буданд.
- Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардидани таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ соли 2014 дар Агентии «Тоҷикстандарт» ду озмоишгоҳ оид ба муайян намудани мавҷудияти ГМО дар маводи ғизоӣ таъсис дода, усулҳои нави ташхис ҷорӣ карда шуд. Озмоишгоҳҳои мазкур дар ҷумҳурӣ беназир буда, мавҷудияти организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашударо (ГМО) дар таркиби маводи ғизоӣ муайян мекунанд.
Роҳбарият ва кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» минбаъд низ тадбирҳои дахлдор меандешанд, — гуфт дар фарҷом Суҳроб Ашӯрзода.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»