Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 январ доир гардид, зикр шуд, ки бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказӣ дар назди сафоратхона ва консулгариҳои ҷумҳурӣ дар 30 давлат 39 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла, 30 участка дар сафоратхонаҳо ва 9 участка дар консулгариҳо ташкил намудааст.
Инчунин, дар ҷаласа қарорҳо доир ба ташкили гурӯҳи кории Комиссия оид ба қабул ва таъмини фаъолияти нозирони байналмилалӣ дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи ду «Роҳнамо» барои комиссияҳои ҳавзавӣ ва волонтёрон қабул гардиданд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода изҳор дошт, ки масъалаҳои ташкилии интихобот ҳамаҷониба ва хуб ба роҳ монда хоҳанд шуд.
- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофияти раванди омодагӣ ва баргузории интихобот, инчунин, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созмону ташкилотҳои байналмилалӣ даъватномаҳо ирсол намуд. Аз ин рӯ, ҷиҳати ташкили фаъолияти босамари нозирони байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ дар давраи омодагӣ ва баргузории маъракаи интихобот гурӯҳи кории нозирон ташкил шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони КМИР ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ шомиланд, — афзуд Бахтиёр Худоёрзода.
Иттилоъ дода шуд, ки 15 январ муҳлати пешниҳоди номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ ба анҷом расид. Дар ин давра ҳафт ҳизби сиёсии дар кишвар фаъолияткунанда дар маҷмӯъ 70 номзад пешниҳод карданд. Бақайдгирии номзадҳо то 9 феврал идома меёбад.
М. УСМОН, «Садои мардум»