Қадамҳои устувор дар рушди Бадахшон

№1 (3147) 01.01.2014

Сурати ШозодаевСоли 2013 бо дастгирию ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадамҳои устувор гузошта шуд. Аз сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои ВМКБ Латиф Шоҳзодаев хоҳиш намудем, ки дар фарорасии Соли нав ба чанд суоламон оид ба рушди иқтисодии вилоят ҷавоб гӯяд.

- Табрикоти солинавии моро қабул фармоед.  Иқтидори иқтисодии ҳар як давлат, аввалан аз нишондиҳандаҳои омории молиявии он муайян мегардад. Агар буҷети давлат ғанӣ бошад, ин маънои онро дорад, ки дар иқтисоди он пешравӣ мавҷуд аст.

- Ташаккур. Ҷамъбасти пешакии натиҷаҳои молиявии соли 2013 дар вилоят  хушнудкунанда ҳастанд. Буҷети вилоят 110 фоиз иҷро шудааст. Илова ба нақша, ба буҷети вилоят беш аз 3 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид. Аммо як нуктаро бояд зикр дошт, ки иҷрои барзиёди буҷет асосан аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ, андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар андозҳо ба амал омадааст.

-Ғанӣ гардидани буҷети давлат аз бисёр ҷиҳат ба рушди соҳибкории хурду миёна алоқаманд аст. Дар ин самт дар вилоят кадом корҳо анҷом дода шудааст?

- Воқеан ҳам, имрӯз беш аз 90 фоизи маҳсулотро дар вилоят бахши хусусӣ истеҳсол мекунад ва тамоми корҳои хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон анҷом дода мешаванд. Соли 2013 дар вилоят 1785 соҳибкор бо патент фаъолият дошт ва зиёда аз ду миллион сомонӣ маблағ ба буҷет аз ҳисоби онҳо ворид гардид. Тариқи шаҳодатнома 752 соҳибкор фаъолият менамуданд, ки ба буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби фаъолияти онҳо ду миллиону 67 ҳазор сомонӣ ворид шуд. Кори муназзами тоҷирону соҳибкорон аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти хуби бонкҳо алоқаманд мебошад. Соли сипаригардида бонкҳои вилоят ба аҳолӣ 139542, 2 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои рушди кишоварзӣ 10640,1 ҳазор сомонӣ, истеҳсолоти воқеӣ 1295, 4 ҳазор сомонӣ қарз доданд, ки дар муқоиса бо соли 2012 хеле зиёд мебошад.

-Ғанигардонии буҷети давлат, аз ҷумла буҷети маҳаллӣ, ба рушди истеҳсолоти воқеӣ вобаста мебошад. Барои ташкили истеҳсолоти воқеӣ дар давоми сол кадом тадбирҳо роҳандозӣ гардид ва онҳо чӣ натиҷа доранд?

- Соли 2013 дар қаламрави вилоят 48 корхона ва сехҳои  хурди истеҳсолӣ фаъолият доштанд ва онҳо аз рӯйи ҳисоботи пешакӣ ба маблағи 60 миллиону 783 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли пешин 13 фоиз зиёд мебошад. Дар вилоят 5 сехи нав, ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки сехҳои коркарди хишт дар ноҳияи Рӯшон, бетонрезӣ дар ноҳияи Шуғнон, коркарди сабзавот дар ноҳияи Роштқалъа, истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ дар ноҳияи Ишкошим ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири кӯҳистон» дар шаҳри Хоруғ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ширкати энергетикии «Помир энержи», ки аз корхонаҳои калонтарини саноатии вилоят ба ҳисоб меравад, дар давоми сол 150985,6 ҳазор киловатт/соат неруи барқ истеҳсол кард. Барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ба муштариён, таъмини муътадили аҳолӣ ва хоҷагии халқ бо неруи барқ, кам кардани талафоти барқ тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудаанд. Дар шаҳри Хоруғ ва аксари ноҳияҳо ҳисобкунакҳои  электронӣ васл гардидааст.

- Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат дар солҳои наздик маънидод мешавад. Дар ин самт тӯли соли сипаригашта кадом корҳо сомон дода шуд?

- Дар давоми сол барои амалигардонии он вазифаҳое, ки дар ин самт назди хоҷагиҳои вилоят гузошта шуданд, кори зиёде иҷро гардид. Аз ҷумла ба рушди қӯтоспарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, васеъ намудани майдони заминҳои корам, беҳтар намудани ҳолати обёрикунии заминҳо, васеъ намудани майдони боғҳои мевадиҳанда аҳамияти хоса дода шуд. Барои амалигардонии барномаҳои соҳавӣ, бештар аз 10,6 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона гардид.

Дар қаламрави вилоят 49 гектар боғи мевадиҳанда бунёд ёфт, ки аз ин ҳисоб барои 147 нафар ҷойи корӣ муҳайё шуд. Тадбирҳои андешида мусоидат намуданд, ки ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 486680 ҳазор сомонӣ расонида шавад. Хоҷагиҳои вилоят 160740 сентнер ғалла, 569504 сентнер  картошка, 208244 сентнер сабзавот, 960 сентнер зағир, 6182 тонна гӯшт, 14783 тонна шир, 4892 ҳазор дона тухм, 109,5 тонна асал, 2115 тонна  пашм истеҳсол карданд.

- Тавре мушоҳида мегардад, давоми якчанд соли охир шаҳру деҳоти вилоят ба майдони ҳақиқии бунёдкорию созандагӣ табдил ёфтааст…

- Дуруст аст, ки бо дастгириии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят кори ободонию созандагӣ, чун дигар минтақаҳои кишвар, сол то сол вусъати тоза пайдо мекунад. Таи соли гузашта ҳаҷми маблағгузории корҳои сохтмонӣ 151793 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2012-ум 87 фоиз зиёд мебошад.

Дар давоми сол ба маблағи 20492,1 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дод шуданд, ки 16393,6 ҳазор сомонӣ аз маблағгузории давлатӣ ва 498,5 ҳазор сомониаш аз ҳисоби маблағгузории хориҷӣ мебошад. Дар қаламрави вилоят аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар 248 иншооти хурду бузург ба арзиши 508,1 миллион сомонӣ сохтмон идома дорад. Бо иштироки Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар ноҳияи  Ванҷ неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори 900 киловатт/соат, дар шаҳри Хоруғ бинои чорошёнаи Раёсати Агентии шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷират, манзили истиқоматии 24-ҳуҷрадор барои омӯзгорони мактаби президентӣ ва манзили истиқоматӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу  сохторҳои қудратӣ, бинои беморхонаи табобати бемории сил бо таҷҳизоти муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, хишти аввалин биноҳои нуҳошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ гузошта шуд.

Ш.ШОҲҚОСИМОВ,  «Садои мардум»