30 декабри соли 2013 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, зимни он муовинони якум ва муовинони нави роҳбарони як қатор вазорату идораҳо таъин карда шуданд.
Сипас, Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2014 ва Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 тасдиқ гардид.
Ҳамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» қабул карда шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», ки қадами навбатӣ ва басо муҳим барои беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар кишвар аст, маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон лоиҳаҳои як зумра қонунҳои дигар низ пешниҳод шуданд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаро дар назар доранд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи маориф», «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва «Дар бораи мониторинги экологӣ» пешниҳод гардид.
Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 қабул карда шуд. Тибқи он Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки то 20 сентябри соли 2014 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ва Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро барои солҳои 2016 ва 2017 таҳия намуда, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.
Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 ва 2015, Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 ва Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои солҳои 2014-2019 тасдиқ карда шуд.
Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон 116,33 гектар замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва тақсими қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба аҳолии ниёзманд ҷудо карда шуд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани самарабахшии корҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Ба роҳбарони сохторҳои масъул, ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба наздикону пайвандони ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асари амали террористӣ дар шаҳри Волгогради Федератсияи Россия яке ҳалок гардида, дуввумӣ сахт маҷрӯҳ шудааст, дасти кӯмак дароз намоянд. Таъкид гардид, ки рафти тафтишоти қазияи куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди дигари Тоҷикистон — Шоҳҷон Раҳматшоев, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия рух дода буд, мавриди таваҷҷуҳи пайваста қарор дода шавад.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор ва мардуми кишварро бо арафаи Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, таъкид бар он дошт, ки ҳангоми истиқбол аз он бехатарӣ аз сӯхтор ва дигар ҳолатҳои нохуш риоя карда шавад.
www.president.tj