Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» озод намудани Усмонзода Х. У.

№11 (4117) 21.01.2020

 аз 21 январи соли 2020, №18, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Усмонзода Хайриддин Усмон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» озод карда шавад.

 

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН