Дар марҳалаи имрӯзаи ҳамгироии мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бо вуҷуди хеле ҷоннок гардидани он, ҳанӯз танҳо қадамҳои аввал гузошта мешаванд. Ба назари мо, имрӯз бояд аз тамоми имконоти мавҷуда ҷиҳати ҷоннок гардидани кор дар ин самт истифода бояд бурд.
Ҳамоиши нахустини машваратии роҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки соли гузашта дар пойтахти Қазоқистон баргузор гардид, аз ҷумлаи ин иқдомот буд. Азбаски ҳамоиши Остона «аввалин» унвон карда шуд, аз он натиҷагирии ҷиддӣ ва амалиро интизор шудан нодуруст мебуд. Аммо мулоқоти дуюми машваратии сарони ин кишварҳо, ки чанде пеш дар Тошканд баргузор шуд, умедбахш буд.
Тибқи қонунҳои табиии мавҷуда, дар ҳамсоягӣ ҳамеша бо ҳам забон ёфтан ва роҳи дурусти муносибатро пеша намудан, ба қавли сиёсатмадоре, санъат аст. Ва аз ин «санъат», вақте ки сухан дар бораи ҷанбаҳои муҳимтарини ҳаёти инсон ва умуман, ҷамъият, меравад, кор гирифта шавад, уқдаву гиреҳҳои аёну ноаёни муносибатҳои байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ ба содагӣ кушода мегарданд. Имрӯз агар аз даричаи рӯзгори бофараҳу осуда ва мусолимат ба гузашта назар андозем, он аз ду-дуюним сол онсӯтар убур намекунад. Пас вуҷудамонро изтироб ва таассуф пахш менамояд. Ҳамаи ин эҳсосоти ошуфтакунанда, ки маҳсули талхи як муддати кӯтоҳ набуд ва тӯли солҳои зиёд ташаккул ёфта буд, вуҷуди ҳама — чӣ азияткашида ва чӣ азиятдодаро фаро гирифт. Табиист, ки аз низоми ҷории он давр тоифаи аввал ҳамеша зери фишори рӯҳиву равонӣ қарор дошт. Ҳоло маҳз ҳамин қишри ҷамъият бештар аз ҳама тафовути имрӯзу дирӯзро дар ҷону равонаш эҳсос менамояд.
Бо вуҷуди тағйир ёфтани мақомоти роҳбарӣ дар Ӯзбекистон, ба ин суръати фавқулода дар дохилу берун ба гунаи инқилобӣ дигаргун гардидани сиёсат, ҳатто хушбинтарин шахсон, бовар надоштанд. Аммо боиси ҳайрати ҳамагон ин аст, ки чунин таҳаввулот ва ислоҳот чунон бо фарогирии самтҳои гуногун ва суръати баланд ҷараён пайдо кард, ки худи воқеияти ҳаёт ва афкори ҷамъият ба он расидагӣ карда натавонист.
Азбаски машварат мақоми минтақавӣ дошт, хоҳу нохоҳ масоили байниҳамдигарии ҷумҳуриҳо дар меҳвари он қарор гирифт. Дар суҳбат бо ҳамсоягон сояи тира ва ё равшани вазъи фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоии ақаллиятҳои миллӣ аз назар дур намонд. Ва маҳз ба ҳамин далел ҳоло мамлакатҳои мадди назар ин гуна масъалаҳоро дар сиёсати дохилии худ ба дараҷаи баланд бардоштанд ва ба он эътибори зиёд қоиланд. Дар шароити имрӯзаи воҳидҳои сиёсиву марзӣ, ки намояндагони миллатҳои минтақаро, новобаста аз мансубияти этникиашон, сарнавишт дар кишварҳои гуногун гузоштааст, бархӯрдории онҳо аз ҳуқуқҳои маънавиву маданӣ ва таълимиву иҷтимоӣ хеле муҳим аст. Ба ин далел дар ҷумҳурии мо низ ба вуҷуд омадани биноҳои марказҳои мадании муштарак бо тоҷику қирғизу қазоқу туркман ва ӯзбек, дубора падид омадани гурӯҳҳо ба ин забонҳо дар кӯдакистону мактабҳои таълимии умумӣ, донишгоҳҳо ҳамчун аз қадамҳои нахустин барои қонеъ сохтани ниёзҳои ғайримоддии мардумони бумӣ бояд чун фоли нек пазируфта шавад. Чун аз бисёр ҷиҳат — фазову муҳит ва шароити солҳои пешинаи навмедкунанда имрӯз низ дар ҳаёти мадании ақаллиятҳо ҳанӯз соя меафканад, ҷанбаи равонии аз ин ниҳонхонаи гӯё бунбаст раҳоӣ ёфтан хеле муҳим аст. Гирудорҳои рӯзгори пуртаҳаввулотамон ҳоло барои ҳамаи ин заминаи мусоид фароҳам меорад. Лекин, баъзан чунин ба назар мерасад, ки бо неруи фитрӣ ва эҷодиву илмиву интеллектуалии мавҷуда ҳанӯз барои ҳалли вазифаҳои имрӯзу оянда қодир нестем. Таҷриба нишон медиҳад, ки ба ин мушкилот на фақат дар сарнавишти ақаллиятҳои миллӣ, балки дар саросари мамлакат ба чунин вазъ мувоҷеҳ ҳастем.
Аз таҳлилу таҷриба ва дарки вазъи воқеии аҳвол маълум аст, ки «хурӯс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезанад». Дар натиҷаи барҳам задани сохти собит ва устувори нимаи дуюми асри гузашта авзоъ қариб дар тамоми қаламрави ҳозираи шӯравии пошхӯрда яксон аст. Аз ин боис, дар ин масъала низ дарди ҳамаи мо якзайл аст, яъне, мо ҳама дар як нуқтаи ибтидоӣ қарор дорем.
Дар тафовут аз додугирифти иқтисодӣ, ки байни кишварҳои ҳамсоя дар як соли охир 35 фоиз афзудааст, дар маҳал ва ватани худ аз худ намудани арзишҳои ғайримоддӣ ва қонеъ сохтани эҳтиёҷоти маданӣ дар шароитаи имрӯзаи соҳибистиқлолии кишварҳои ҳамсоя низ масъалаи хеле муҳим аст. Агар ба назар гирифта шавад, ки соли гузашта ба Ӯзбекистон аз хориҷ нисбат ба се-чор соли пеш ду баробар зиёд сайёҳ омада, қариб 70 фоизи ин 5,3 млн. нафарро дар ҳудуди 1 млн. нафар тоҷикистониҳо, беш аз 2 млн.-ро қазоқистониён ва дигар ҳамсояҳо ташкил намуданд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ ба муносибатҳои аз ин ҳам бештар густурда қодиранд.
Маълум аст, ки дар ин самтҳо кор ба дарозо мекашад ва касе ҳам интизор нест, ки муаммоҳои даҳсолаҳо гиреҳхӯрда дар муддати кӯтоҳ боз шаванд. Аммо ба қавли роҳбари ҷумҳурии мо «мардум на фардо, балки имрӯз бояд хуб зиндагӣ кунад».
Тоҷибой ИКРОМОВ, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик», шаҳри Тошканд