Дар шаҳри Конибодом барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ омодагӣ вусъат пайдо кардааст.
Зимни суҳбат масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба интихобот Акмал Ализода иброз дошт, ки дар ҳудуди шаҳр 57 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтааст. Ҳавзаи интихоботии «Конибодом», №19 дар бинои Коллеҷи технологӣ ва комиссияи шаҳрии интихобот дар бинои Раёсати маорифи шаҳр амал хоҳанд кард. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни омодагӣ ба интихобот маълум гардид, ки дар ҳама участкаҳои интихоботӣ қуттиҳои овоздиҳӣ ва ҷойҳои овоздиҳӣ пурра омода шудаанд. Шиорҳои даъват ба иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, навиштаҷоти марбут ба интихобот, аз ҷумла, рӯйхати 57 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом насб гардидаанд. Дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ «Гӯшаи интихобот» ва харитаи сиёсии шаҳр мавҷуд аст.
Ҷараёни омодагӣ ба ин маъракаи муҳим мадди назари Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дорад. Чанде пеш вазъи тайёрии шаҳри Конибодомро ба маъракаи интихоботӣ гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мавриди санҷиш қарор ва бобати ислоҳи камбуду норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
- То оғози маъракаи тарғиботӣ рӯзҳои башумор мондаанд, — мегӯяд Акмал Ализода. — Мекӯшем, ки он бо риояи қатъии қонунгузории амалкунанда сурат гирад.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»