Бисту дуюми январи соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.
РАИС: - Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 57 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддинзода Б. Т.
2. Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Садриддинзода Б. Т.
3. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар»
4. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineering and Management»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе
5. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи якуми рӯзнома — «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддинзода Бадриддин Талбак» шурӯъ менамоем.
Вакилони муҳтарам, чунонки ба шумо маълум аст, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддинзода Бадриддин Талбак иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён таъин гардид. Бинобар ин, ба рӯзномаи ҷаласа чунин масъала пешниҳод шудааст.
Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддинзода Б. Т.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Бо баррасии масъалаи дуюми рӯзнома — «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Садриддинзода Бадриддин Талбак» лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала – «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа – Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек дода мешавад.
Худоёрзода Худоёр Завқибек:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Вазорати нақлиёт дар заминаи мувофиқа ва розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (супориши №16166 аз 28 марти соли 2016) корбариро оид ба маблағгузории лоиҳаи «Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар» дар қитъаи роҳ аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония «JICA» ва дар қитъаи роҳ аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар бо Бонки Осиёгии Рушд ба роҳ мондааст.
Агентии «JICA» аз 17 апрели соли 2018 бо сафарбарии коршиносони худ корҳои лоиҳакашӣ – ҷустуҷӯии қитъаи роҳ аз шаҳри Бохтар то мавзеи Қизилқалъаро бо дарозии тақрибан 9,2 км (то наздикии пул аз болои дарёи Вахш) ҷиҳати омода ва муайян намудани арзиши лоиҳа ва маблағгузории минбаъда тариқи грант оғоз намуд, ки онҳо моҳи апрели соли 2019 ба анҷом расиданд. Вобаста ба ҳамкорӣ бо коршиносони Агентии «JICA», супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ аз 25 апрели соли 2018, №16321 (22 – 8) ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ирсол гардид.
Тибқи лоиҳа, дарозии роҳи таҷдидшаванда 9.2 км — ро ташкил медиҳад. Паҳноии роҳ аз ду хати ҳаракати мавҷуда бо назардошти васеъкунонӣ ба чор хат расонида мешавад.
Бояд зикр намуд, ки 28 феврали соли 2019 аз ҷониби Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Созишномаи грантӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» ба маблағи 3232 000,000,00 иени японӣ (тақрибан 29 100 000,00 доллари ИМА) ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки танҳо барои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати паймонкори японӣ дар заминаи талаботи Агентии «JICA» пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи созишномаи грантӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2019, №353 маъқул дониста шуд ва 3 сентябри соли 2019 ба имзо расид.
Вазорати нақлиёт оғози татбиқи амалии лоиҳаи мазкурро бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкории зич бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалб намудани маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ менамояд.
Мақсаднок будани созишномаи грантиро метавон ба таври зайл асоснок кард:
Аз лиҳози ҳуқуқӣ:
Зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ва ё аз эътибор соқит намудани ягон санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд намеояд.
Аз лиҳози сиёсӣ:
Ба густариши муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Япония таҳкиму такони нав мебахшад.
Аз лиҳози молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ:
Зимни татбиқи амалии лоиҳа молу маҳсулоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда барои корҳои сохтмонӣ ба таври васеъ харидорӣ карда, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ширкатҳои ватанӣ ва шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ ҷалб мешаванд, ки ин бевосита ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолии минтақаи лоиҳавӣ оварда мерасонад.
Пас аз сохта ба истифода додани роҳи автомобилгард хизматрасонии нақлиётӣ низ беҳтар, фосилаи вақти интиқоли молу маҳсулоти зудвайроншаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ кам мегардад.
Инчунин, аз ҷониби мутахассисони соҳа, тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15 — уми «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №355 тасдиқ гардидааст, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд ва дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид.
Созишномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №655 барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки ёддоштҳои табодулӣ оид ба таҳияи лоиҳаи муфассал ва корҳои сохтмонӣ, инчунин, созишномаи грантӣ оид ба таҳияи лоиҳаи муфассал, бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2019, №1478 ва №1480 ва аз 18 декабри соли 2019, №1547 тасдиқ гардиданд.
Бинобар ин, тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мебошад.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нидозода Ҳусейн Болта дода мешавад.
Нидозода Ҳусейн Болта:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар», ки 3 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2020, №2535 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи грантии мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул 16 январи соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа – Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар»- ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Созишномаи грантии номбурда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» — ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа – Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала – «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineering and Management» Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.
Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineering and Management»- и Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, 12 декабри соли 2019 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба имзо расонида шуд.
Лоиҳа аз ҷониби корхонаи муштараки «Артел Авесто Электроникс», ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineering and Management» — и Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, амалӣ карда мешавад. Таҷҳизоти барои корхона насбшаванда истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Корея ва Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад.
Дар марҳилаи якуми татбиқи лоиҳа истеҳсоли солонаи 60 ҳазор дона чангкашак ва 60 ҳазор дона обгармкунак ва дар марҳилаи дуюм истеҳсоли телевизор ва мошинаи либосшӯӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳаҷми сармоягузорӣ 100 млн. сомониро ташкил медиҳад. Барои аҳолии маҳаллӣ беш аз 100 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад.
Мутобиқи созишномаи мазкур, ба сармоягузор тибқи тартиби муқарраргардида, озодкунӣ аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз дивиденд, андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми истеҳсол ва таҳвили мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол аз санаи оғози истеҳсолот пешбинӣ мегардад. Номгӯйи молҳои барои татбиқи лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.
Муҳлати амали созишнома аз рӯзи тасдиқ гардидани он 10 солро дар бар мегирад. Татбиқи лоиҳа ба саноатикунонии ҷумҳурӣ равона гардидааст. Маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Директори иҷроияи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» Зафар Бурҳонзода ба ҷаласаи имрӯза даъват шудааст.
Муҳтарам Бурҳонзода! Ҳоло кор дар кадом вазъ қарор дорад?
Зафар Бурҳонзода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Тавре раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зикр карданд, ҳоло хати истеҳсолии марҳилаи аввал пурра насб ва истеҳсолоти тестии маҳсулот шурӯъ гардидааст. Ин кор як моҳ идома меёбад ва дар ин муҳлат хати истеҳсолӣ пурра ба кор омода мешавад. Ҳамчунин, ҳоло 100 нафар сокини кишварамон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз курси омӯзишӣ гузашта истодаанд.
Айни замон ду хати истеҳсолӣ ба истеҳсоли маҳсулот — хати истеҳсоли чангкашак ва хати истеҳсоли обгармкунак омода аст.
Чунонки зикр гардид, иқтидори истеҳсолии онҳо 60 ҳазор ададӣ аз ҳар ду номгӯйи маҳсулот хоҳад буд. Ҳар дуи ин мол якчанд номгӯй дошта, яке ба намуди зоҳирӣ, дигарӣ бо ҳаҷм фарқ мекунанд. Дар марҳалаи аввал ду намуд чангкашак ва чор намуд обгармкунак истеҳсол карда хоҳад шуд.
РАИС: — Ин намуди маҳсулот дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон харидор дорад?
Зафар БУРҲОНЗОДА: - Ширкати шарики мо ҳоло маҳсулоти худро ба беш аз 20 кишвар содирот менамояд. Мо ният дорем, ки як қисми моли дар кишварамон истеҳсолшударо ба хориҷа низ содирот кунем.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.
Баҳром Абдуалимов:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineering and Management»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе 12 декабри соли 2019 ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур дар доираи сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон моҳи августи ҳамон сол, дар қатори дигар ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, байни ду давлати ба якдигар дӯсту ҳамсоя таҳия гаштааст.
Тибқи муқаррарот, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineering and Management»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» дар шаҳри Душанбе», бо сармоягузории умумии 10 млн. доллари ИМА таъсис ёфтааст ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 598 маъқул дониста шудааст. Баробари ба кор шурӯъ намудани корхонаи муштарак зиёда аз 100 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.
Раванди истеҳсолоти корхонаи муштарак ду марҳиларо дар бар мегирад. Дар марҳилаи якум истеҳсоли чангкашак, обгармкунак ва дар марҳилаи дуюм бошад, истеҳсоли телевизор ва мошини либосшӯӣ дар назар дошта шудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи баррасишавандаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Созишномаи мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгӯй мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineering and Management»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала – «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.
ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, 12 декабри соли 2019 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба имзо расонида шуд.
Лоиҳа аз ҷониби Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити», ки ширкатҳои ватанӣ мебошанд, амалӣ карда мешавад.
Дар доираи лоиҳа ҷорӣ намудани барномаи биллингӣ, насби ҳисобкунакҳои муосири барқии электронӣ, гузаронидани ноқилҳои барқӣ ва ба роҳ мондани ҷамъоварии маблағҳо барои истифодаи қувваи барқ тавассути терминалҳо, ҳамёни электронӣ ва бонкҳои пардохтқабулкунанда (БДА «Амонатбонк») дар назар дошта шудааст.
Дар марҳилаи якум лоиҳа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе татбиқ карда мешавад. Бо дарназардошти татбиқи босамар, марҳилаи дуюми он дигар ноҳияҳои шаҳри Душанберо низ фаро мегирад.
Барои татбиқи лоиҳа дар ноҳияи Сино воридот ва насб намудани 95 ҳазор дона ҳисобкунаки барқии муосир пешбинӣ гардидааст. Дар доираи амалӣ намудани лоиҳа дар шаҳри Душанбе насби беш аз 250 ҳазор дона чунин ҳисобкунак дар назар аст.
Маблағи умумии сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳа дар шаҳри Душанбе 880 млн. сомониро ташкил менамояд. Аз ҷумла, барои марҳилаи якуми он дар ноҳияи Сино 340 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи созишномаи сармоягузорӣ, ба сармоягузор, тибқи тартиби муқарраргардида, озодкунӣ аз пардохти андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми таҳвили мол (кор ва хизматрасонӣ) дар вақти татбиқи лоиҳа ба муҳлати 5 сол пешбинӣ мегардад. Молҳои барои татбиқи лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.
Муҳлати амали созишнома аз рӯзи тасдиқ гардидани он 5 солро дар бар мегирад. Татбиқи лоиҳа ба истифодаи самарабахши неруи барқ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар раванди баҳисобгирӣ ва назорати истифодаи неруи барқ мусоидат менамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.
МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе, ки 12 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2020, № 2537 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.
Барои анҷом додани як қатор иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат аз ҷониби бахши хусусӣ таклифу пешниҳодҳои ҷолиб бо дарназардошти муайян намудани самтҳои стратегӣ манзур гашта истодааст. Аз ҷумла, бо таъмини истиқлолияти энергетикӣ масъалаи самаранок истифода намудани неруи барқ ба миён меояд. Аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» бо мақсади мусоидат ба ин масъала амалинамоии лоиҳаи «Низоми автоматии назорат ва ҳисоби неруи барқ дар шаҳри Душанбе» иқдом пеш гирифта шудааст.
Аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» омӯзиши ҳолати воқеии низоми энергетикии шаҳри Душанбе сурат гирифта, дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои энергетикии ҷумҳурӣ, бахусус, сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе, асосноккунии техникӣ – иқтисодӣ таҳия, инчунин, лоиҳаҳои кори ҳар як иншооти таҷдидшаванда омода гардидааст.
Таҳлилҳои панҷ соли охири қабул ва фурӯши барқ дар шаҳри Душанбе, ки аз тарафи мутахассисони консорсиум дар рафти таҳлили вазъи энергетикии шаҳри Душанбе гузаронида шуд, нишон доданд, ки раванди ҷамъоварии маблағҳо барои истифодаи неруи барқ ва ҳаҷми талафоти тиҷоратию техникии неруи барқ дар шабакаҳои барқӣ тамоюли манфӣ касб намуда, ҳаҷми миёнаи ҷамъоварии маблағ дар панҷ соли охир дар сатҳи 81,2 фоиз ва ҳаҷми талафоти тиҷоратию техникии неруи барқ дар ҳаҷми 19,1 фоиз қарор дорад.
Бартарияти низоми пешниҳодгардида дар он аст, ки таъминоти барномавӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ тарҳрезӣ шуда, дар оянда имкон фароҳам меояд, ки низоми миллии биллингӣ ва баҳисобгирии неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардад. Илова бар ин, идораи пурраи низом аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода, вобастагӣ аз як ширкати истеҳсолкунандаи таҷҳизоти баҳисобгирандаи барқ аз байн бурда шуда, имконияти интихоби таҷҳизоти болозикр аз рӯи сифат ва арзиш аз дилхоҳ истеҳсолкунанда фароҳам оварда мешавад.
Боиси тазаккур аст, ки ҷамъият модели молиявии татбиқи низоми зикргардидаро омода намуда, тибқи он тасмим гирифтааст, ки дар давоми панҷ сол бо ҷалби сармоягузории худӣ дар ҳаҷми 88,0 млн. доллари ИМА (бо дарназардошти 250 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ, зиёдшавии муштариён ҳар сол 3 фоиз ва болоравии арзиши неруи барқ солона 5 фоиз) низоми амалкунандаро дар шаҳри Душанбе пурра автоматӣ кунонида, бо ин васила талафоти неруи барқро дар шабакаҳои пойтахти мамлакат (бо дарназардошти талафоти техникӣ) то 12 фоиз кам намояд.
Маблағҳои ҷалбшаванда ҳарсола асосан барои иваз намудани ҳисобкунакҳои барқӣ, истгоҳҳои трансформаторӣ, хатҳои интиқоли барқ ва ғайра равона карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки амалисозии лоиҳаи «Низоми автоматии назорат ва ҳисоби неруи барқ дар шаҳри Душанбе» ба буҷети давлатӣ сарбории иловагӣ наоварда, бозпасгардонии сармоягузорӣ аз ҳисоби кам кардани ҳаҷми талафоти тиҷоратию техникӣ ва зиёд гардонидани ҷамъоварии маблағҳо барои истифодаи неруи барқ дар назар дошта шудааст. Механизми мазкур имкон медиҳад, ки ҳаҷми миёнасолонаи ҷамъоварии маблағҳои аз ҳисоби неруи барқ ҷамъоваригардида ба бозгашти сармоягузорӣ дар ин раванд таъсир нарасонад.
Дар ин замина, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 597 маъқул дониста шудааст.
Кумитаи масъул 16 январи соли 2020 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Акрамшо Фелалиев, намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Вакилони муҳтарам! Масъалаи мавриди баррасӣ хеле муҳим аст. Тавре дар Маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ дар суханронии Пешвои миллат таъкид ёфт, давоми панҷ соли охир вазъи соҳа ба талабот ҷавобгӯй нест. Лоиҳаи пешниҳодшудаи пилотӣ, ки дар ноҳияи Синои пойтахт татбиқ мегардад, ба ислоҳи вазъ мусоидат хоҳад кард.
Оид ба масъалаи мазкур кӣ савол дорад? Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагон Абдуҳалим Ғаффоров дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Барои муваффақона амалӣ шудани лоиҳа Ҳукумати ҷумҳурӣ кадом имтиёзҳоро пешбинӣ намудааст? Саволи дигар: Насб кардани ҳисобкунакҳо ройгон аст ё пулакӣ?
Зафар БУРҲОНЗОДА: — Айни замон, тибқи созишномаи сармоягузорӣ, озод шудан аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми таҳвили мол дар дохили кишвар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, озод будан ҳангоми воридоти таҷҳизот аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ низ дар назар аст. Ҳисобкунакҳо ба таври ройгон насб карда мешаванд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.
Неъматулло СОЛЕҲОВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ