Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№2-3 (3148-3149) 03.01.2014

Шукурҷон Зуҳуров

Дуюми январи  соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар робита ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Сипас, масъалаи аввали рӯзнома – «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе»-ро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов тавзеҳ дод.

DSC_0662

Масъалаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод гардид.

Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов масъалаи навбатии рӯзномаро «Дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии маводи иттилоотии беҳтарин дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист барои соли 2014» шарҳ дода, зикр кард, ки соли гузашта мо дар ду давр чунин озмун баргузор намуда будем. Дар ҳар давр барои ҷойи якум 2000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 1500 ва барои ҷойи сеюм 1000 сомонӣ муқаррар гардида буд, ки ба ғолибон супорида шуд. Имсол пешниҳод мекунем, ки озмун дар як давр гузаронида шавад ва дар охири сол ҷамъбаст гардад.

Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба ғолибон барои ҷойи якум дар ҳаҷми 4000, ҷойи дуюм 3000 ва ҷойи сеюм 2000 сомонӣ мукофот муқаррар карда шуд.

Марбут ба ин масъала низ Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо пешниҳоди шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои дигари рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки ҷомеа дар ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии сохтори хусусӣ» қарорҳо қабул намуд, ки тибқи онҳо масъалаҳои зикршуда барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи  экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Дар охир «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум».

Суратгир А.ИСОЕВ