Бисту чоруми январи соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, аз 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 24 нафар дар толор иштирок доранд. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Дар толор 24 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Дар Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат — Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба кори иҷлосия даъват гардиданд, иштирок доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Тавре иттилоъ доред, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 январи соли 2020, №1417 Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 24 январи соли ҷорӣ даъват ва барои баррасӣ масъалаҳои зерин пешниҳод шудааст:
1. Дар бораи додани ризояти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод ва таъин намудани прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ».
Дар робита ба ин, мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Тибқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд шумора ва ҳайати котиботи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва қабул намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба он таклифҳо бошанд, марҳамат, изҳор намоед. Чӣ гуна пешниҳодҳо доред?
Бо дарназардошти пешниҳоди шумо, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям мавқеи хешро муайян созед. Марҳамат.
Қарор қабул гардид.
Аз ҳайати котибот: раиси он муҳтарам Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, аъзо — муҳтарам Бобобекова Меҳринисо ва Ҳомидзода Абдураҳмон хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои муқарраргардидаи худро ишғол намоянд. Марҳамат.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2020, № 1417 «Дар бораи даъват намудани Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» лоиҳаи қарор ба шумо пешниҳод гардидааст.
Нисбат ба лоиҳаи қарор таклифҳо бошанд, марҳамат, изҳор намоед. Чӣ гуна пешниҳодҳо доред?
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» иборат аз масъалаҳои зерин ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид:
Муқаррар карда шавад, ки мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» аз 23 январи соли 2020, № 1417 24 январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба баррасии Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум масъалаҳои: Дар бораи додани ризояти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод ва таъин намудани прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» пешниҳод карда шудаанд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаҳо оғоз мебахшем. Сухан оид ба масъалаи якум ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
Зариф Ализода пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди нуҳуми моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба додани ризоият барои аз вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоят барои аз вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоят барои ба вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод» пешниҳод карда мешавад. Сухан ба муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
Зариф Ализода пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди нуҳуми моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ҷиҳати додани ризоят барои ба вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ирсол мегардад.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳама муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро хуб мешиносем, зеро панҷ сол аст, ки ӯ дар вазифаи прокурори генералӣ фаъолият дорад. Ҳоло имкон фароҳам аст, ки ба Раҳмон Юсуф Аҳмадзод саволҳоятонро пешниҳод намоед. Сухан барои пешниҳоди савол ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Самадзода Зикрихудо Муҳаммадаюбхон дода мешавад. Марҳамат.
Самадзода Зикрихудо Муҳаммадаюбхон: — Дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои худкушӣ ҳар сол тамоюли зиёдшавӣ дорад. Мақомоти прокуратура ҷиҳати ошкор ва муайян сохтани сабабу омилҳои ба худкушӣ даст задани одамон ва пешгирии он чӣ гуна чораву тадбирҳо меандешад?
РАҲМОН Юсуф Аҳмадзод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Вобаста ба саволи пешниҳодшуда гуфтаниям, ки соли 2019 дар ҷумҳурӣ 632 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба худкушӣ рух додааст, ки назар ба соли 2018- ум 51 адад зиёд мебошад.
Сабабҳои худкушӣ зиёданд. Муносибати ноодилонаи байни волидайну фарзандон, майнӯшӣ, нашъамандӣ, бемориҳои рӯҳӣ ва як қатор сабабҳои дигар боис мешаванд, ки баъзе аз шаҳрвандон даст ба худкушӣ мезананд. Ҷиҳати пешгирии он дар Прокуратураи генералӣ «Барномаи пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2015 – 2023» қабул ва амалӣ карда мешавад.
РАИС: — Муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод! Оё дар сохтори Прокуратураи генералӣ ё дар назди он марказе вуҷуд дорад, ки мониторинги сабабу омилҳои содиршавии ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худро амалӣ намояд?
РАҲМОН Юсуф Аҳмадзод:
- Муҳтарам Раис! Дар сохтори Прокуратураи генералӣ Раёсати тафтишот амал намуда, аз ҷумла, таҳлил, ҷамъбаст ва пешниҳодотро вобаста ба ҳодисаҳои худкушӣ пеш мебарад. Аз ҷониби прокуророни шаҳру ноҳияҳо низ таҳлили ҳодисаҳои худкушӣ доим гузаронида мешавад.
Вобаста ба ин ҳодисаҳо 51 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз он 39 парванда ба суд фиристода шудааст. Оид ба ҳар як ҳодисаи худкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад.
Доир ба ин самт ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол намуда, бо раисони шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкории зич қарор дорем.
РАИС: - Бисёр хуб мебуд, дар ин хусус матлабҳои таҳлилӣ бо ширкати васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ омода ва интишор ёбад, зеро ҳаёти инсон аз ҳама бештар қадр дорад. Биноан, таъсиси сохтори давлатӣ ё давлатию шаҳрвандӣ барои расидагӣ кардан ба ин масъала, додани пешниҳоди мушаххас барои пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо ба нафъи давлат ва ҷомеа хоҳад буд. Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Шафеиён Ислом Зиёзода дода мешавад.
ШАФЕИЁН Ислом Зиёзода:
- Муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод!
Соли гузашта нисбат ба чанд нафар шахсони мансабдор барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуданд?
Раҳмон Юсуф Аҳмадзод: - Соли 2019 нисбати 407 нафар мансабдорони давлатӣ вобаста ба вайрон кардани муқаррароти қонуни зикршуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Назорати ин қонуни миллӣ таҳти назорати ҳамешагии мақомоти прокуратура қарор дорад. Чунин қонунвайронкунӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав, Ашт бештар ба назар мерасанд.
РАИС: - Боз кӣ савол дорад?
Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Раҳмонова Наргис Шарифовна дода мешавад.
Наргис РАҲМОНОВА: — Муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод! Вайронкунии қонунгузории замин, тақсими ғайриқонунии замин дар кишвар равияи болоравӣ дорад. Барои ислоҳи он Прокуратураи генералӣ чӣ кореро анҷом медиҳад?
РАҲМОН Юсуф Аҳмадзод: - Вобаста ба вайронкунии қонунгузории замин, тибқи супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2019 фаъолиятро асосан ба пешгирии вайронкунии қонунгузории замин равона кардем. Дар натиҷа қонуншиканӣ дар ин самт назар ба як соли пеш 1048 адад камтар содир шуд.
Мутаассифона, ҳоло ҳам аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо қарорҳои ғайриқонунӣ вобаста ба қонунгузории замин қабул карда мешавад. Вобаста ба ин, соли 2017 ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо 682 эътироз оварда, ҳамаи онҳо қонеъ карда шуданд. Давоми соли гузашта 4138 эътирози прокурорӣ вобаста ба қарорҳои ғайриқонунӣ қабулнамудаи раисони шаҳру ноҳияҳо оварда шудааст.
РАИС: - Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Хайрулло Амонулло дода мешавад.
Хайрулло АМОНУЛЛО: - Қабл аз ҳама, мехоҳам Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро барои сазовор гардиданашон ба боварии Пешвои миллат муборакбод намоям. Зикр карданиям, ки воқеан ҳам, дар фаъолияти мақомоти прокуратура дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, назорати иҷрои якхелаи қонунгузории амалкунанда тағйироти хубу назаррас ба амал омадаанд.
Ин ҷо мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба масъалаи мавриди азобу шиканҷа қарор гирифтани шахсони гумонбаршуда аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб намоям, зеро он ба яке аз мавзӯъҳои асосии шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Мақомоти прокуратура оид ба ошкор намудани чунин амалҳои номатлуб чӣ гуна чораҳо меандешад?
РАҲМОН Юсуф Аҳмадзод: - Вобаста ба ин масъала мақомоти прокуратура назорати доимӣ анҷом дода, корҳои таҳқиқу тафтиш амалӣ карда мешаванд.
Дар соли 2019 вобаста ба пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ, аз қабили шиканҷа, назоратро пурзӯр намудем. Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ду парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ҳафт нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, маҳкум гардиданд.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар ин самт ҳодисаҳои вобаста ба шиканҷа се маротиба кам шуд. Муроҷиати шаҳрвандон соли 2018 оид ба ин масъала 48 адад буд ва соли 2019 он то ба 14 адад кам гардид.
Минбаъд низ мекӯшем, ки ба поймолкунии ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳимояи ҳуқуқ роҳ дода нашавад.
РАИС: - Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна дода мешавад.
Саёҳат ДАДАҶОНОВА: — Ман ҳамчун намояндаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҳамкории судманд бо мақомоти прокуратура изҳори сипос менамоям. Мехоҳам ба шумо як савол пешниҳод кунам: Мақомоти прокуратура барои пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани ҷиноятҳои ба терроризм ва экстремизм алоқаманд чӣ гуна чораҳо меандешад?
РАҲМОН Юсуф Аҳмадзод: - Ҳамон тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, проблемаи терроризм ва экстремизм дар ҷомеа яке аз проблемаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, ҳодисаҳои террористиву экстремистии ба амнияти давлату ҷомеа таъсиррасон солҳои охир дар ҷумҳурӣ кам нашудааст. Прокуратураи генералӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати пешгирии амалҳои террористии алоқаманд бо экстремизм корҳои муайянро анҷом медиҳад. Дар натиҷа, соли гузашта 1062 ҷинояти вобаста ба амалҳои террористию экстремистӣ ба қайд гирифта шуд, ки назар ба соли 2018 — ум 306 адад зиёд аст.
Зиёд содиршавии ҷиноятҳои террористию экстремистӣ аз ҳисоби ҳодисаҳои дар соли 2019 рухдодаи вобаста ба ҳуҷум ба дидбонгоҳи сарҳадии Ишқобод, ҳамчунин ошкоршавии ҷиноятҳои ошкоршуда дар муассисаҳои адои ҷазо, мебошад.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Агар таваҷҷуҳ карда бошед, саволҳое, ки ба Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дода шуданд, вазъи воқеии ҳуқуқиро дар ҷомеа инъикос менамоянд. Аз ҷумла, масъалаи мубориза бо коррупсия аз масъалаҳое мебошад, ки дунёро ба ташвил овардааст, аз ҷумла, кишвари моро. Мувофиқи маълумот, ҷумҳурӣ дар миёни 180 давлат мавқеи 153 — ро ишғол менамояд, ки басо ҳузновар аст. Аз таҳлиле, ки ман анҷом додам, аз 607 нафар маҳкумшуда 253 нафари онҳо намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла судяҳо, кормандони мақомоти судӣ, корҳои дохилӣ ва ғайра мебошанд.
Бояд чораю тадбирҳои иловагӣ андешид, ки коррупсия решакан шавад, зеро прокуратура ягона мақомест, ки барои ин кор ҳуқуқ ва имконияти зиёд дорад. Прокуратураи генералӣ салоҳияти назорати иҷрои якхелаи қонунҳоро дар кишвар доро буда, имкон дорад дар ин кор ҳар чӣ бештар саҳм гузорад.
РАҲМОН Юсуф Аҳмадзод:
- Муҳтарам Раис, дар ҳақиқат, коррупсия проблемаи хеле ҷиддии ҷомеа маҳсуб меёбад. Назари ман дар ин масъала чунин аст, ки пеш аз ҳама, масъулияти роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ аз болои кормандон пурзӯр карда шавад.
РАИС: — Дуруст зикр кардед, вале ин вазифаи мову шумо низ ҳаст. Таҳлили ин масъала муҳим ва зарур буда, дар баробари ин, агар пешниҳоди судманде дар бобати пешгирии коррупсия ва омилҳои вобаста ба он сурат гирад, ба нафъи ҷомеа ва давлат мебуд.
Бояд дар ин хусус барномаи мушаххаси амал дошта бошем ва вақте ки ҳар як шахс ба он шинос мешавад, бигӯяд: — Ин барнома барои ман ва аз они ман аст. Ба он ҳамфикрам ва аз рӯи он амал мекунам.
Масъалаи дигар дастгирии давлатии соҳибкорӣ аст. Он ба талабот ҷавобгӯ нест ва бе иштироки фаъолонаи Прокуратураи генералӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо судманд нахоҳад буд.
РАҲМОН Юсуф Аҳмадзод: - Муҳтарам Раис! Соли 2016 вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон оид ба санҷишҳои нақшавӣ, ғайринақшавӣ, назорати прокурорӣ ва санҷишҳои беасос таҳлил гузаронидем. Муайян шуд, ки соли 2016-ум 400 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст. Дар ин самт корбарӣ сурат гирифт ва соли 2019 он ба 48 ҳазор кам шуд. Яъне, чунин санҷишҳо қариб 10 маротиба кам гардид. Минбаъд низ саъй хоҳем кард, то санҷишҳои беасоси фаъолияти соҳибкорон кам шавад.
РАИС: - Аксар давлатҳо дар натиҷаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ ба пешравӣ ноил шудаанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи дастгирии соҳибкорӣ ҳар сол таъкид мегардад. Бисёр муҳим аст, ки муайян карда шавад: — Чӣ соҳибкорро водор мекунад, ки ба қонуншиканӣ даст занад, чӣ ӯро водор менамояд, ки ҷумҳуриро тарк сохта, фаъолияташро дар дигар кишвар роҳандозӣ намояд? Ин масъалаҳоеанд, ки бе иштироки фаъолонаи мақомоти прокуратура ҳал намеёбанд.
Масъалаи дигар бемориҳои сироятӣ мебошанд. Бубинед, проблемаи бемории коронавируси дар Хитой баамаломада ҳоло ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Назорати ин масъала низ, таваҷҷуҳи доимии мақомотро тақозо менамояд.
Ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои рӯз буда, ҳарчанд дар ин бобат кори муайян анҷом дода шавад ҳам, вале ба талабот ҷавобгӯ нест.
Ба ин рақам таваҷҷуҳ намоед: Ҳар сол се миллиард доллар аз он бештар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба оилаҳояшон ворид мешавад. Пас, чаро мо онҳоро дастгирӣ накунем?
Ва ниҳоят, мардум аз бонкҳо пасандоз гирифта наметавонанд. Мақомоти прокуратураро лозим аст, ки дар ин масъалаҳо бетараф набошад, зеро таъмини ҳуқуқу озодии инсон, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодии инсон, аз ҷумла, тавассути мақомоти прокуратура ва ҳокимияти судӣ амалӣ мешавад.
Муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, ин ҷо узви Маҷлиси миллӣ Хайрулло Амонулло дуруст зикр карданд, ки боварие, ки нисбат ба шумо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон карданд, боварии калон аст ва мо – аъзои Маҷлиси миллӣ, ки бо шумо дар бисёр масъалаҳои муҳим ҳамкории пурсамар дорем, низ ба шумо боварӣ изҳор менамоем. Умед дорем, ки ҷонибдорӣ ва боварӣ ба шумо ба натиҷаҳои фаъолиятамон таъсири мусбат гузорад.
Шумо ягон савол ё пешниҳод доред?
РАҲМОН Юсуф Аҳмадзод: — Ман миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боварии баланд нисбат ба ман иброз менамоям.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод! Шуморо, қабл аз ҳама, ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Маҷлиси миллӣ сазовор шудан самимона шодбош мегӯем. Боварӣ дорем, ки дар фаъолияти худ оид ба таъмини назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар кишвар беш аз ҳарвақта муваффақ гардида, баҳри таъмини волоияти қонун дар ҷомеа неру ва малакаи касбиро равона месозед. Ба шумо барору комёбиҳои беназир орзумандем.
РАҲМОН Юсуф Аҳмадзод:
- Муҳтарам Раис! Миннатдории хешро ба шумо ва аъзои Маҷлиси миллӣ иброз менамоям. Кӯшиш мекунам, камбудиҳое, ки дар фаъолияти мақомоти прокуратура ҷой доранд, бартараф карда шаванд. Фаъолияти хешро барои таъмини волоияти қонун равона месозам.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Оид ба масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 январи соли 2020 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади баланд бардоштани самаранокии минбаъдаи фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ҷиҳати танзими ҳуқуқии саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» қабул гардидааст. Бо ҳамин мақсад, ба қисми якуми моддаи 9 қонуни амалкунанда ворид намудани тағйир пешбинӣ гардидааст, ки мутобиқи он Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» имкон дорад хусусӣ гардонида шаванд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Оид ба ин масъла кӣ савол дорад? Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ба иҷлосия даъват шудаанд.Ҳоло суханро ба он кас дода, хоҳишмандем мулоҳизаҳояшонро оид ба масъала изҳор намоянд. Марҳамат.
Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №641 маъқул дониста шуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 январи соли 2020 қабул намудааст.
Мутобиқи тағйири ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» воридшуда, калимаҳои «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз қонуни мазкур хориҷ карда мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 июли соли 2019, № 374 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» барои солҳои 2019 — 2024» тасдиқ шудааст. Вобаста ба ин, Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода, бо мақсади беҳтар намудани вазъи молиявии корхона дар заминаи як қатор иншооти ғайриистеҳсолии он — корхонаи фаръии «Алюминсохтмон» маркази савдои «Металлург», меҳмонхонаи «Ширкент», «Маркази ҷавонон», панҷ боғчаи кӯдакона ва дегхонаҳои истеҳсолию гармидиҳӣ, 5 ҷамъияти саҳомии алоҳида — ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Алюминсохтмон», «Корхонаи саноатӣ ва савдои «Металлург», «Хизматрасонии сайёҳӣ», «Насли наврас» ва «Маркази таъминоти гармирасонӣ» бо 100 фоиз саҳмияҳои давлатӣ таъсис шудаанд. Татбиқи чорабиниҳои мазкур барои амалӣ намудани лоиҳаи таҷдид ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии ҷамъияти саҳомӣ бо ҷалби сармояи мустақими дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, №454 таъсис дода шуда, бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 26 феврали соли 2010, №65 молу мулки Дирексияи барҳамдодашудаи «Неругоҳи барқи обии сохтаистодашудаи Роғун» ба тавозун ва сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» ҳамчун ҳиссаи давлат гузаронида шуданд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, №685 «Дар бораи тасдиқи Оиннома, Сохтори идоракунӣ, Тартиби ба муомилот баровардани саҳмияҳо ва Сертификати саҳмияҳо, Шакли саҳмияҳо ва Сертификати саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқии обии Роғун» ба фурӯш бароварда, аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ харидорӣ шудаанд. Айни замон 97,1 фоизи саҳмияҳо ё ба маблағи 26 миллиарду 960 миллиону 260 ҳазору 600 сомонӣ ба давлат ва 2,9 фоизи саҳмияҳо ё ба маблағи 799 миллиону 739 ҳазору 400 сомонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тааллуқ доранд.
Дар маҷмӯъ, сармояи оинномавии ҷамъият 27 миллиарду 760 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки табдили корхонаҳои давлатӣ ба ҷамъияти саҳомӣ барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва идораи самараноки доираҳои давлатӣ равона шудааст. Дар ҷамъиятҳои саҳомӣ, тибқи қонунгузорӣ, мақомоти олӣ — маҷлиси умумии саҳмдорон ва мақоми идора — Шӯрои нозирони он мебошад ва дар ин замина идоракунии босамари ҷамъияти саҳомӣ таъмин карда мешаванд.
Фурӯши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» дар асоси розигии соҳибмулк ё ин ки дар мавриди саҳмияҳои давлатӣ дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Бо дарназардошти тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва ба ҷамъияти саҳомӣ табдил додани Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик», инчунин таъсиси ҷамъияти саҳомии кушода дар заминаи молу мулки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва ҷиҳати мутобиқ намудани фаъолияти ҷамъиятҳои саҳомии мазкур ба қонунгузории ҷумҳурӣ зарурати ворид намудани тағйир ба моддаи 9 қонуни номбаршуда ва аз ин модда хориҷ намудани калимаҳои «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба миён омадааст. Бинобар ин, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан оид ба ин масъала ба узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Сафарзода Хайрулло Амиралӣ, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» дода мешавад.
САФАРЗОДА Хайрулло Амиралӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Чуноне маълум аст, баъди аз нав оғоз гардидани корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти нави Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ибтикору дастгирӣ ва мусоидати ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору пайкори ватандӯстонаву меҳанпарастона дар иншооти бунёдшаванда равнақ ёфт. Дар натиҷа, 29 октябри соли 2016 сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» поягузорӣ ва маҷрои дарёи Вахш бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат тағйир дода, 16 ноябри соли 2018 нахустин агрегат ва 9 сентябри соли 2019 агрегати дувуми неругоҳ ба истифода дода шуд. Натиҷаи талошу заҳматҳо буд, ки 21 январи соли 2020 аввалин миллиард киловатт неруи барқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» истеҳсол гардид, ки ифтихори ҳар яки мост.
Барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ созандагони кохи нур, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, пайваста ҷаҳд намуда истодаанд. Дар раванди сохтмони неругоҳ ширкатҳои ватаниву хориҷӣ дар самти корҳои лоиҳакашӣ, тадқиқотӣ, сохтмониву васлгарӣ, таъмини таҷҳизоти мавриди эҳтиёҷи иншоот, молу мавод ва масолеҳи сохтмонӣ фаъолият доранд. Маблағгузории сохтмон аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ва сармояи ҷалбгардидаи хориҷӣ амалӣ гардида истодааст.
Бо дарназардошти наздик шудан ба ҳадафҳои ниҳоии стратегӣ дар сохтмони иншоот баъзе аз масъалаҳои ҳалталаб дар самти пардохтҳои таъхирнопазир мавҷуданд, ки ҳалли онҳо ба мақсад мувофиқ мебошад. Аз ҷумла, уҳдадориҳои молиявӣ дар назди ширкатҳои паймонкор, молрасон ва хизматрасони ватаниву хориҷӣ то 1 январи соли 2020 дар маҷмӯъ, зиёда аз 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, маблағҳои аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробонд), ки бевосита барои таъмини муътадили корҳои бунёди садди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷалб гардида буданд, пурра харҷ шуда, ба ташаккулёбии минбаъда ҷиҳати идомаи муътадили маблағгузорӣ ниёз дорад.
ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳоло дар тавозун дороии зиёд дар ихтиёр дорад, ки онҳо, ғайр аз маҳали ҷойгиршавӣ, дар дигар минтақаҳои кишвар низ ҷойгиранд ва истифодабарии онҳо аз рӯи таъинот бо дарназардошти лоиҳаҳои кунунии татбиқшаванда ғайриимкон мебошад.
Сарфи назар аз ин, дороиҳо ҳар рӯз хароҷот ба бор оварда, барои фаъолияти молиявии ҷамъият таъсир мегузоранд. Бинобар ин, мақсади қабули қонуни мазкур, пеш аз ҳама, баҳри таъмини асосҳои ҳуқуқӣ ва танзими масъалаҳои роҷеъ ба фаъолияти самараноки минбаъдаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар муносибат бо субъектони хоҳишманд ва дигар институтҳои молиявии ватаниву хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд нигаронида шудааст. Инчунин, мақсади дигари қонуни мазкурро дар батанзимдарории масъалаҳои бамиёнояндаи молиявии буҷетии дар ин самт ташаккулдиҳанда ва беҳтар гардидани маблағгузории сохтмони неругоҳ арзёбӣ менамоем.
Қонуни мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан оид ба ин масъала ба узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Ҳомидзода Абдураҳмон, директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дода мешавад. Марҳамат.
Абдураҳмон Ҳомидзода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Ширкати Алюминийи Тоҷик фаъолиятро дар асоси дастуру супориш ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, аҳли заҳмати он бо дарки масъулияти азим ва ифтихор аз ватандорӣ баҳри ободии кишвар фидокорона меҳнат менамоянд.
Ширкат соли 2019 ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, беҳ намудани раванди технологӣ, болоравии маҳсулнокии меҳнат ноил гардид. Аз ҷумла, соли гузашта 95 электролизёри нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли алюминий нисбат ба соли 2018 дар ҳаҷми 5,8 ҳазор тонна зиёд шуда, афзоиш 106,1 фоизро ташкил дод.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019, №374 Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз 1 ноябри соли 2019 ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо саҳми 100 фоизи давлатӣ табдил дода шуд.
Дар қарори Ҳукумат, ҳамчунин, зикр мегардад, ки 100 фоизи саҳмияҳои корхонаи фаръии «Алюминсохтмон», ки ҳамчунин ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода мешавад, ба ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» тааллуқ хоҳад дошт.
Барои маркази савдои «Металлург», муҷтамаи меҳмонхонаи «Ширкент», хонаи истироҳатии «Куран» ва объектҳои дигар таъсис додани шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ шуда, ҳиссаи ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар онҳо 100 фоизро ташкил хоҳад дод.
Табдил додани Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба ҷамъияти саҳомӣ аз вазъияти объективӣ сарчашма мегирад, зеро дар шароити кунунӣ таваккалҳои рақобатӣ дар бозори ҷаҳонии алюминий доимо афзун шуда истодаанд. Ширкати Алюминийи Тоҷик, чун Корхонаи воҳиди давлатӣ, дар масъалаи ҷалби сармоягузории хориҷӣ мушкилоти ҷиддӣ дошт, зеро дар қонунгузории давлатҳои хориҷӣ корхонаҳои воҳиди давлатӣ ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ маҳсуб намеёбанд. Дар чунин шароит ҷамъияти саҳомӣ барои сармоягузорони эҳтимолии хориҷӣ шакли қобили дарки идоракарди ҳуқуқӣ ва иқтисодии тиҷорат маҳсуб меёбад. Ба ин тариқ, табдили ширкати алюминбарории тоҷик ба ҷамъияти саҳомии кушода бобати ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушду ривоҷи он имкониятҳои васеъ муҳайё менамояд.
Ҷамъияти саҳомӣ, чун шакли асосии ташкили корхонаю ташкилоти азими муосир дар ҷаҳон, механизми ҳуқуқии аз ҳама такмилёфта бобати созмондиҳии иқтисод маҳсуб меёбад. Маҳз тавассути ҷамъияти саҳомӣ дастрасии бозори сармоя, василаҳои ҷалби маблағҳои молиявӣ, муттаҳид кардани сармояҳо, ки ҳудудҳои маҳдудкунанда надоранд, устувории маъмурию молиявӣ, идоракарди касбӣ, имконияти бозгардонии маблағҳо тавассути фурӯш ё баргардонии саҳмияҳо, ба даст овардани намудҳои гуногуни фоида, боэътиборӣ, ҳифзи қавитари ҳуқуқӣ ва ғайра сурат мегирад.
Ширкати Алюминийи Тоҷик дар иқтисоди Тоҷикистон дорои аҳамияти муҳими стратегӣ буда, моликияти давлат мебошад. Чуноне қаблан зикр гардид, 100 фоизи саҳмияҳои ширкат ба Ҳукумати кишвар тааллуқ дорад. Танзими ҳуқуқӣ ва натиҷаи фаъолияти ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз тариқи иштироки давлат дар идора, соҳибӣ кардан, истифода ва ихтиёрдории саҳмияҳо, инчунин, роҳандозии назорати истифодаи самараноки амволи ҷамъияти саҳомӣ ба даст хоҳад омад. Вазъи мазкур ба ин маънист, ки ҳар гуна амали бо саҳмияҳои ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» баргузоршаванда дар доираи қонунгузории амалкунандаи кишвар ва бо риояи ҳатмии шароити шаффофияти созишҳои тиҷоратӣ сурат хоҳад гирифт.
Ҳозирини гиромӣ!
Айни замон дар воситаҳои ахбори омма хабарҳое паҳн шуда истодаанд, ки гӯё баъди табдил дода шудани Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба ҷамъияти саҳомии кушода корхона минбаъд таҳти назорати ширкати чинӣ қарор мегирифта бошад. Чунин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд. Ширкати Алюминийи Тоҷик дар ҳақиқат бо шарикони чинӣ бобати ҷалби маблағҳо барои навсозии истеҳсолоти электролиз гуфтушунид доир намуда истодааст. Бояд қайд кард, ки ин гуфтушунидҳо ба фурӯши саҳмияҳо дахл надоранд.
Лозим ба зикр аст, ки бо ширкати давлатии мошинсозии Ҷумҳурии Халқии Хитой (China Machinery Engineering Corporation) барои навсозии корхона, яъне таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-уми истеҳсолоти электролиз, созишнома ба имзо расид, ки барои он ширкати чинӣ 545 млн. доллар маблағ ҷудо менамояд. Созишнома моҳи апрели соли гузашта, яъне то табдили додани ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба ҷамъияти саҳомӣ ба имзо расида буд.
Ширкати давлатии мошинсозии Ҷумҳурии Халқии Хитой корҳои марбут ба навсозиро аз ҳисоби сармояҳои ҷалбшуда роҳандозӣ намуда, пас аз анҷоми он иншоотро пурра ба ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» месупорад.
Маблағҳое, ки барои навсозӣ ҷудо карда шудаанд, аз ҳисоби фурӯши алюминийе, ки дар хатҳои электролизии нав истеҳсол мешаванд, бозгардонида хоҳад шуд.
Пас аз навсозӣ иқтидори истеҳсолии силсилаҳои 5 ва 6-уми истеҳсолоти электролиз ба 300 ҳазор тонна дар як сол расонида мешавад. Аз 545 миллион доллари банақшагирифта ба сохтмон 465 миллион доллар сарф карда шуда, 80 миллион доллари боқимонда сармояи гардон аст.
Пас аз навсозӣ ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» соҳиби таҷҳизоти навтарини замонавӣ мегардад. Хароҷоти неруи барқ ва намудҳои дигари истеҳсолот тақрибан ду маротиба коҳиш ёфта, беш аз 90 фоизи алюминий бо сифати баланди А7 ва А8 истеҳсол карда мешавад.
Бо дарназардошти ин, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси милӣ, хоҳиш менамоям қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Сухан ба раиси котибот муҳтарам Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло дода мешавад. Марҳамат.
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Дар ҷараёни иҷлосияи ғайринавбатӣ ягон мактуб ё барқия ворид нашудааст.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ шуданд. Бо ҳамин Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ