Мегӯянд, ки шеър аз рӯҳи одамони бузург сарчашма мегирад. Шоир бошад, оинаест, ки нури замонро ба оянда инъикос менамояд. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ низ адибе буд, ки ормонҳои ишқ, милливу ватанпарастона ва инсониро дар осори назмиву насрӣ ба мерос гузоштааст. Ӯ аз он насли адибоне буд, ки бо нигоҳи реалистона ва рӯҳи миллихоҳона ба адабиёт ворид гашт.
Ин ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонии ӯ буд, ки ҳафтаи гузашта дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати ҳаштодсолагии ин рӯзноманигор, шоир ва нависандаи маҳбуб маҳфили адабӣ баргузор гардид, ки дар он шоирону нависандагон, ҳамкорону ҳамсабақон, шогирдону дӯстон ва пайвандони адиб ҷамъ омаданд.
Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим оғоз бахшид. Вай дар бобати ҷанбаҳои реалистии ашъори Шоҳмузаффар Ёдгорӣ сухан гуфта, аз ҷумла, иброз дошт, ки дар адабиёт сулолаи Ёдгориҳо – Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, Нозирҷон Ёдгорӣ нақши барҷаста доранд. Аммо дар миёни онҳо Шоҳмузаффар Ёдгорӣ чеҳраи дурахшоне аст, ки бо ҳузураш ҷаҳонро тароват бахшид.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, ки гардонандаи маҳфил буд, аз Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ӯ аз ҷавоншоирони пешсафи солҳои шастуми асри бист буда, аз қадамҳои нахустин дар роҳи адабиёт бо ҷустуҷӯ ва назари тоза, ҷасорату бозёфт, ватанпарастиву миллатдустӣ, тараннуми эҳсоси худшиносӣ ва бедорӣ фарқ мекард.
- Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аз наслест, ки ба майдони адабиёт аз деҳот омаданд ва бо фарҳангу маърифати баланде, ки доштанд, дар талоши шаҳрсозӣ ва худшиносии миллат камар бастанд. Кӯшиши онҳо бо шеваи дигар, сабку нигоҳи тозатар шеър гуфтан буд. Онҳо на фақат шеър мегуфтанд, балки дар мавзӯъҳое, ки он замон доғи зиндагӣ маҳсуб мешуданд ва барои миллат зарур буданд, ба монанди тарбияи ҷавонон, ҷалби занони маҳаллӣ ба кор, тозагии забони тоҷикӣ мақола нашр мекарданд, — гуфт Абдулҳамид Самад.
Баромадкунандагон аз инсоният ва маданияти баланди адиб низ ёдоварӣ карданд. Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор таъкид кард, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ҳар ҳарфашро андешида мегуфт. Ӯ тамкини хос дошт. «Мо ӯро Шоҳ мегуфтем ва дар ин се ҳарф тамоми муҳаббату одамияти Шоҳмузаффар ҷойгир шуда буд», — афзуд Гулрухсор.
Профессор Иброҳим Усмонов гуфт, барои ман мактаби адабии «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») мактаби зиндагӣ аст. Ин мактабест, ки дар он Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Раҷаб Мардон, Асадулло Саъдуллоев, Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, Абдулҳамид Самад, Салимшо Ҳалимшо ва дигарон кор кардаанд. Яке аз масъалаҳое, ки онҳо дар «Тоҷикистони советӣ» бардошта буданд, масъалаи тоза кардани забон аз калимаву ибораҳои бегона буд. Онҳо ин корро бо ҳисси масъулият анҷом медоданд.
Ба романҳои «Васваса» ва «Талош»-и Шоҳмузаффар Ёдгорӣ Иброҳим Усмонов баҳои баланд дода, гуфт:
- Дар адабиёти муосири мо мавзӯи шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ ва хатми ҷанги шаҳрвандӣ инъикос ёфтааст, аммо муҳити ҷанги шаҳрвандӣ то ҳол баён нагаштааст. Ин маънои онро дорад, ки адабиёт муҳити ҷангиро ҳанӯз ҳазм накардааст.
Бино ба гуфти Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ инсони хайрхоҳу некандеш буд. Ӯ дили беғубору чеҳраи хандон дошт. Истеъдоди онро дошт, ки дар як шеър маънои бузургеро биғунҷонад ва воқеъбинона афкор баён созад.
Дар маҳфил ҳамсолону ҳамсабақони адиби шодравон низ суханронӣ карданд. Публитсист Раҷаб Мардон ёдовар шуд, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ байни ҳамсолон фарқ мекард. Бо он ки ғурур дошт, аммо ғурураш аз кибр орӣ буд. Ба таъкиди Раҷаб Мардон, мактаби драматургияи назмиро дар Кӯлоб маҳз Шоҳмузаффар Ёдгорӣ оғоз бахшид. «Дар пайравии драмаҳои манзуми ӯ Сафармуҳаммад Аюбӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Одина Раҳмон ва дигарон ба драманависӣ оғоз карданд», — ёдовар шуд нотиқ.
Қобили зикр аст, ки шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ 1 январи соли 1940 ба дунё омада, муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Як шоха гул», «Соҳили бахт», «Даргоҳи деҳқон», «Симои халқ», «Вохӯрии гуворо», «Ҳар тори мӯ вафоям», «Ишқи мо пирӣ надорад», маҷмӯаи очеркҳои «Сарбандакҳои сурх алвонҷ мехӯранд», достонҳои «Ман барои ҳамаам», «Фарзандон», «Рози ҷангал» ва достони драмавии «Тир ба дили худ» мебошад. Муаллифи романҳои «Васваса» ва «Талош» низ ҳаст, ки таълифашон ба охири умри нависанда рост меоянд.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Айнӣ мебошад.
Маҳмудҷон УСМОН,
«Садои мардум»