Сиюми январи соли 2020 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар Маҷлиси намояндагон бо директори Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихобии шаҳрвандони аъзои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Голоулина Екатерина Владимировна ва ҳайати ҳамроҳаш — Шулгина Татяна Олеговна ва Ткаченко Станислав Леонидович — кормандони шуъбаи мониторинги интихобот, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор доранд, дар алоҳидагӣ мулоқот намуданд.
Вохӯрии меҳмонон, қабл аз ҳама, бо раиси Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Сафарзода Бахтовар баргузор гардид. Б. Сафарзода аз рафти омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба меҳмонон маълумот пешниҳод намуд.
Сипас, мулоқоти ҳайати Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихобии шаҳрвандони аъзои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар сурат гирифт.
Раиси ҲДТ С. Усмонзода ба меҳмонон доир ба таърихи ҳизб, барнома ва пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон маълумот дода, иброз дошт, ки фазои хуби баргузории интихобот дар кишвар муҳайё гардидааст.
Вохӯрии ниҳоии меҳмонон дар Маҷлиси намояндагон бо раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Қудратов баргузор шуд, ки зимни он доир ба рафти омодагии ин ҳизби сиёсӣ ба интихобот ва барномаи он маълумот ироа гардид.
Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин ҳайати Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихобии шаҳрвандони аъзои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам низ мулоқот намуда буд.
Наҷибулло ОҚИЛЗОДА, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот