Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

№15 (4121) 01.02.2020

Санади мазкур ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият мебахшад

DSC_4639Бисту нуҳуми январи соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

РАИС: Вакилони муҳтарам !

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 53 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода М. И.

2. Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Давлатзода М. И.

3. Дар бораи аз вазифаи раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон озод намудани Давлатзода М. И.

 4. Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Давлатзода М. И.

5. Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маб­лағгузории иловагӣ»

6. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ»

7. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода.

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Масъалаи якуми рӯзнома «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Муродулло Исмат» ном дорад.

Вакилони муҳтарам! Чунонки ба шумо маълум аст, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Муродулло Исмат – директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардид.

Мо ба муҳтарам Давлатзода барои кори пурсамараш дар Маҷлиси намояндагон сипосгузорем ва дар иҷрои вазифаи масъули давлатӣ барояш муваффақият орзу менамоем.

Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Муродулло Исмат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Бо баррасии масъалаҳои минбаъдаи рӯзнома лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Давлатзода Муродулло Исмат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон озод намудани Давлатзода Муродулло Исмат» ба овоз монда шуда қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Давлатзода Муродулло Исмат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

 ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» пешниҳод шудааст.

Созишнома 2 октябри соли 2019 ба имзо расонида шудааст. Тибқи он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:

- ҳамчун тарафи асосӣ тадбирҳои заруриро меандешад, ки қарзгиранда тамоми уҳдадориҳои худро дар назди бонк таъмин кунад;

- амволи қарзгирандаро бе ризояти хаттии пешакии бонк нафурӯшад, иҷора надиҳад, инчунин, мутмаин шавад, ки қарзгиранда низ амали болозикрро содир намекунад;

- бидуни ризояти хаттии пешакии бонк сармояи низомномавии қарзгирандаро пурра ё қисман нафурӯшад, таъину соҳибӣ накунад;

- бе мувофиқаи бонк ба низомномаи қарзгиранда тағйиру иловаҳо ворид накунад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.

МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло:

- Муҳтарам Раис, вакилон ва ҳозирини гиромӣ !

Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки ­аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» 2 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Файзиддин Қаҳҳорзода дар баромадашон нуктаҳои асосии созишномаи мазкурро шарҳ доданд. Танҳо қайд карданиям, ки мақсад аз ин лоиҳа барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе мебошад.

Кумитаи масъул 23 январи соли 2020 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ККВД «Троллейбус» Созишномаи дастгирӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»- и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» пешниҳод шудааст.

Бояд қайд намоям, ки созишномаи мазкур мутобиқи муқаррароти амалкунандаи қонунгузории кишвар, 2 октябри соли 2019 ба имзо расонида шуд. Дар асоси ин созишнома ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағи иловагии қарзӣ дар ҳаҷми 5,2 млн. доллари амрикоӣ ҷалб мешавад.

Барои маълумот иттилоъ медиҳам, ки солҳои 2014 — 2019 лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» ба маблағи умумии 8,2 млн. доллари амрикоӣ татбиқ ва корҳои дар марҳилаи аввал пешбинишуда амалӣ гардиданд.

Ҳаҷми умумии маблағи бо ин мақсад ҷалбшаванда 8,0 млн. доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод, ки аз он 5,2 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ ва 2,8 млн. доллар маблағҳои грантӣ мебошад.

Барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа, инчунин, ҷудо намудани 750 ҳазор евро (баробар ба 900 ҳазор доллари амрикоӣ) барои таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа ҳамчун кумаки техникӣ пешбинӣ шудааст.

Мақсад аз ҷалби маблағҳои иловагӣ пурра барқарор намудани инфрасохтори зарурӣ барои истифодаи троллейбусҳо дар шаҳри Душанбе, инчунин, татбиқи барномаи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур то 31 декабри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.

МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло:

- Муҳтарам Раис, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» — и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ», ки 2 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Файзиддин Қаҳҳорзода дар баромадашон нуктаҳои асосии созишномаи мазкурро пурра шарҳ доданд.

Кумитаи масъул 23 январи соли 2020 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ККВД «Троллейбус» Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» — и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» — ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»- и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа — «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Рустам Мирзохоҷа дода мешавад.

ШОҲИЁН Рустам Мирзохоҷа:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тибқи талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Созишномаи мазкур 21 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси минтақавӣ оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ ва татбиқи Барномаи қолабии Сендай ба имзо расидааст. Мақсад аз имзо гардидани созишнома ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни давлатҳо дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, инчунин, омӯзондан ва таҳкими иқтидори мутахассисони кумаки аввалия оид ба корҳои ҷустуҷӯӣ – наҷотбахшӣ, мубодилаи иштирокчиёни омӯзишҳо ва коршиносон бо мақсади мусоидат ба таҳкими иқтидор дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ мебошад.

Ба имзо расонидани созишномаи мазкур, ҳамчунин, имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназар­дошти манфиатҳои худ аз имконият ва таҷрибаи ҷониби Афғонистон дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ истифода намояд.

Зарурати таҳия намудани лоиҳаи қарор татбиқи моддаи 16 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода барои эътибор пайдо кардан ба ҳисоб меравад.

Инчунин, сабаби таҳияи лоиҳаи қарор дар он аст, ки моддаи 9 созишнома масъалаи андозбандиро дар бар мегирад. Мутобиқи моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва моддаи 290 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон «молҳое, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дода мешаванд, воридоти молҳо ба сифати кумаки башардӯстона, воридоти молҳое, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ бо мақсади рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешаванд», аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод мебошанд. Дар ин сурат зарур аст, ки созишнома бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад. Қабул ва амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур маб­лағҳои иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Бо дарназардошти ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам Раҳматович дода мешавад.

 Рустам ҚУДРАТОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишнома 21 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишнома аз дебоча ва 16 модда иборат буда, бо мақсади таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни ду халқ, инчунин, ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои ­фавқулода, ки метавонад ба осудаҳолӣ ва амнияти миллии Тарафҳо мусоидат намояд, аз ҷумла, ба инобат гирифтани эҳтимолияти ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода, ки тавассути қувва ва воситаҳои яке аз Тарафҳо бартараф намудани онҳо ғайриимкон буда, бо ин талабот ба амали мутобиқгардонидашудаи ҳар ду давлат бо мақсади пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба миён меояд, ба имзо расидааст.

Дар бораи мазмун ва моҳияти созишнома муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Рустам маълумоти мушаххас доданд, ки такрори онро лозим намешуморам.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ