Зимистонгузаронӣ

Фасли сармо бекаму кост паси сар хоҳад шуд

№№ 4 (3150) 08.01.2014

Дар вилояти Суғд ба андозаи зарурӣ маҳсулоти хӯрокворӣ ва ангишт захира шудааст

Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 таҳти рақами 122 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014» ҳанӯз санаи 24 апрели соли 2013 қарори махсуси раиси вилояти Суғд ба тасвиб расида буд.

Бо раиси раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд Яқубҷон Игамбердиев ҳамсуҳбат гардидем, то муайян намоем, ки дар ин ҷода мансубини соҳа чӣ корҳоро анҷом додаанд?

-Раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд бо мақсади иҷрои қарори фавқуззикр раёсатҳои ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои зертобеи худро муваззаф намуд, ки дар бобати сари вақт таъмин намудани аҳолӣ ва муассисаҳои буҷетӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи сӯхту ангиштсанг дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 анборҳои захираи молу маҳсулот ва корхонаҳои коркардро таъмиру таҷдид намуда, иҷрои нақшаи тасдиқшудаи захираи маҳсулоти кишоварзӣ, маводи сӯхт ва ангиштсангро пурра таъмин намоянд, -гуфт Яқубҷон Игамбердиев ва ба суханонаш афзуд:

-Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт тайёр кардани ташкилоту хоҷагиҳо ва бозорҳои кооператсияи матлуботи вилоят дар бобати харид, захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ ва ангиштсанг, коркарди меваю сабзавот дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 тасдиқ шуд.                Барои пурзӯр кардани назорат оид ба таъмини иҷрои саривақтии корҳои аз талаботи қарорҳои мазкур бармеомада ситоди Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят таъсис ёфт.

Ташкилотҳои кооператсияи матлуботи вилояти Суғд бо 218 адад хоҷагии деҳқонӣ барои хариду захира кардани 16780 тонна маҳсулоти кишоварзӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, ба онҳо 290,0 ҳазор сомонӣ пешпардохт намуданд.

7 октябри соли 2013 дар ноҳияи Шаҳристон таҳти роҳбарии раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев ситоди сайёри ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаи зимистонгузаронӣ доир гардид ва дар он роҳбарони ташкилотҳои Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар ин ҷамъомад оид ба омодагӣ ба фасли сармои имсола гузориши раисони ташкилотҳои соҳа шунида шуд. Дар назди роҳбарони ташкилотҳои кооператсияи матлубот вазифа гузошта шуд, ки  нақшаи харид ва захира кардани маҳсулоти  кишоварзиро пурраю барзиёд иҷро намоянд.

-Ин супориш чӣ гуна иҷро шуд ва оё ин чорабинӣ натиҷаи самарабахш дод? — мепурсем аз ҳамсуҳбатамон.

-Бале, чорабинии мазкур бисёр саривақтӣ буд. Бо назардошти сард омадани зимистони имсола раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикиматлубот» Сироҷиддин  Валиев дар назди матлуботчиён вазифаҳои ҷиддӣ ва мушаххас гузошт ва ин чорабинӣ метавон гуфт, ки барои сари вақт омода шудан ба зимистон ва захира намудани маҳсулоти зарурӣ такони ҷиддӣ гардид. Бояд бигӯям, ки маблағи гардишии ташкилотҳои соҳа барои харид, захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва ангиштсанг мувофиқи ҳисоботи тавозунӣ 7,3 миллион сомониро ташкил дода, он барои харидану захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ ва ангиштсанг мавриди истифода қарор гирифт. Бинобар нокифоя будани маблағҳои гардишии ҷамъияти матлуботи ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров, онҳо ба Раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд оид ба ҷудо кардани маблағҳои қарзӣ дархост пешниҳод карданд. Мо аз раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» С. Валиев бисёр сипосгузорем, ки дар  ин бобат ба мо дасти мадад дароз карда, 500 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо намуданд.  Ин маблағ ба ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров мувофиқи қарори Раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд дода шуда, барои иҷрои нақшаи захираи маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат кард.

Мо нақшаи захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва ангиштсангро барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 дар ҳамаи ташкилотҳои Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд то 1-уми ноябри соли 2013 пурраю барзиёд иҷро кардем. Дар натиҷа, 5 ҳазору 650 тонна сабзавот, 5445 тонна пиёз, 3750 тонна картошка, 570 тонна меваи тару тоза, 730 тонна маҳсулоти полезӣ захира шуд. Иҷрои нақшаи захираи маҳсулоти ғаллагиро мо 101,3 фоиз иҷро кардем. Коркарди меваю сабзавот 167,8 фоиз таъмин шуд. Дар ҳаҷми 10191 тонна, яъне аз нақша 191 тонна бештар ангиштсанг захира гардид.

Илова бар аз ин, ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳо, бозорҳо ва ташкилотҳои зертобеи Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят вазифадор шудаанд, ки барои таъмини аҳолӣ бо ангиштсанг дар фасли сармо мағоза ва гӯшаҳои фурӯши мавсимии ангиштсангро ба 500 адад расонида, барои таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои буҷетӣ даҳ ҳазор тонна ангиштсанг захира намоянд.

Дар бобати таъмини аҳолии вилоят ва муассисаҳои буҷетӣ бо ангиштсанг ҳамсуҳбатамон гуфт, ки ташкилотҳои соҳа шумораи нуқтаҳои мавсимии фурӯши ангиштсангро бештар намуда, барои таъмини аҳолии вилояти Суғд ва муассисаҳои буҷетии он барои хариди 10152 тонна ангиштсанг бо корхонаҳои истихроҷи ин навъи сӯзишворӣ шартномаҳои дутарафа бастанд. Аз ҷумла, бо кони ангиштсанги ҶСШК «Ангишт»-и шаҳраки Шӯроб 4 ҳазору 600 тонна, кони истихроҷи ангиштсанги «Моғиёни Панҷакент» 360 тонна, Корхонаи истихроҷи ангиштсанги «Сулукта»-и Ҷумҳурии Қирғизистон 830 тонна, кони «Фон-Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ 540 тонна ва бо соҳибкорони алоҳида барои дастрас намудани 3822 тонна ангиштсанг чунин шартономаҳо ба имзо расиданд. Ҳоло ба миқдори 10191 тонна, яъне зиёдтар аз нақша, ангиштсанг ба анборҳои ташкилотҳо ворид гардид. Аз миқдори умумии ангиштсанги харидоришуда ба ташкилотҳои буҷетӣ қариб 5 ҳазор тонна дастрас гардид. Ангишти боқимонда дар анборҳои ташкилотҳои кооператсияи матлуботи вилоят нигоҳ дошта мешуд. Бинобар барои фурӯш ба аҳолӣ иҷозат ворид шуданаш, сокинони вилоят низ тавассути мағозаю гӯшаҳои фурӯши мавсимӣ аз он бархӯрдор шуда истодаанд.

Раёсати Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки дар мавсими зимистон бобати таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ва муассисаҳои буҷетӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва ангиштсанг тадбирҳои судбахш андешида, баҳри ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, ба танзим даровардани нархи молу маҳсулот саҳми муносиб гузорад. — Сокинони вилояти Суғд метавонанд бе ташвиш бошанд, фасли сармои имсола бе каму кост ва бо таъминоти пурра паси сар мешавад,-гуфт дар фарҷоми суҳбат Яқубҷон Игамбердиев.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»