10 феврали соли 2020 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019-ум 1 марти соли 2020 таъин гардидааст, бо ҳайати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузории интихоботӣ ворид гардидаанд ва ифтитоҳи миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули назар карданд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода доир ба чорабиниҳои омодагӣ, ки аз ҷониби Комиссия бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани интихоботи вакилони халқ амалӣ гардиданд, изҳори андеша намуд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки то ба имрӯз Комиссия дар доираи талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тамоми чорабиниҳои заруриро амалӣ ва ба иштирокчиёни раванди интихобот шароити баробар муҳайё намудааст.
Тарафҳо, инчунин, оид ба масъалаи шурӯъ намудани фаъолияти миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони халқ табодули назар ва изҳори боварӣ карданд, ки он ба интихоботи шаффоф ва ошкоро мусоидат менамояд.
«Садои мардум»