Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиди Ёқубзод, Маҳмадамин Ҳисориев, Олимҷон Сафаров, Муҳамадраҳим Каримов ва Сафаралӣ Гулов таҳия ва пешниҳод шудааст.
Хабарнигорамон бо яке аз муаллифони қонуни мазкур, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масълаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Олимҷон Сафаров мусоҳибае доир намуд.
-Ба минтақаҳои кӯҳӣ кадом қисми ҳудуди заминҳо дохиланд ва дорои чӣ навъ хусусияти табиӣ мебошанд?
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба минтақаҳои кӯҳии кишвар ба танзим медарорад.
Тавре дар моддаи 1 Қонуни мазкур омадааст, минтақаҳои кӯҳӣ минтақаҳое дониста мешаванд, ки дар ҳудуди онҳо иртифоъсанҷии (чен кардани баландӣ) муайян мавҷуд буда, ба он релефи мураккаби ландшафт хос мебошад.
Қонуни мазкур ҷавобгӯйи талаботи боби 13 — Рушди устувори минтақаҳои кӯҳии Конвенсияи СММ оид ба муҳити зист ва Рушди устувор мебошад, ки дар он, аз ҷумла зикр гардидааст: «Минтақаҳои кӯҳӣ ин сарват ва боигарии азими миллии ҳар як мамлакат мебошад».
Минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин манбаи обу энергия ва маъдан, гуногунии биологӣ, маҳсулоти ҷангал, маҳали пешрафти кишоварзӣ ва дар баробари ин мавзеи истироҳат ва саёҳат мебошанд.
-Истифодаи мақсадноки ин минтақаҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ чӣ тавр танзим мешавад ва кадом субъектҳо дар рушди он ҳуқуқи иштирок кардан доранд?
-Қонуни мазкур принсипҳои сиёсати давлатӣ, идоракунӣ ва танзими давлатии рушди минтақаҳои кӯҳӣ, афзалияти дастгирии давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои аҳолӣ ва манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои рушди ин минтақаро муайян мегардонад, ки барои рушди устувори минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини заминаи қонунгузорӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Масоҳати умумии мамлакат агар 143,2 ҳазор километри мураббаъро ташкил намояд, 93 фоизаш кӯҳистон мебошад. Дар моддаи 5-уми қонуни мазкур дарҷ гардидааст, ки кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи сатҳи баландӣ нисбат ба баҳр ба се намуд ҷудо мешавад: ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии миёна, ки дар баландии аз 1000 то 1500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, дорои шароити муътадили табиӣ мебошанд; ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии баланд, ки дар баландии аз 1500 то 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, дорои шароити нисбатан муътадили табиӣ мебошанд; ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии баландтар, ки дар баландии аз 2000 метр аз сатҳи баҳр баландтар воқеъ гардида, дорои шароити хосаи табиӣ буда, барои саломатӣ, зисти аҳолӣ ва кору фаъолияти онҳо таъсир мерасонад. Номгуйи ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии дорои шароити хосаи табиӣ мутобиқи иртифоъсанҷӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Мутобиқи муқаррароти моддаи 7-уми қонуни мазкур, субъектҳои танзими давлатии рушди минтақаҳои кӯҳӣ мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шуда метавонанд, ки фаъолияти онҳо дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд.
Ҳамзамон қонун муқаррар намудааст, ки маблағгузории чорабиниҳои рушди минтақаҳои кӯҳӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дигар манбаъҳо, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, амалӣ карда мешаванд.
-Кишвари мо, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳии он, дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад. Бахусус аз манбаъҳои барқароршавандаи он метавон бештар ва мақсаднок истифода бурд. Татбиқи қонун барои пешгирии истифодаи берабту низоми захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми ин минтақаҳо то чӣ андоза мусоидат мекунад?
-Дар минтақаҳои кӯҳие, ки баландиаш аз 2000 метр боло мебошад, тибқи ҳисоботи оморӣ, айни ҳол қариб 5 фоизи аҳолии мамлакат зиндагӣ доранд.
Сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ ҷузъи таркибии сиёсати умумидавлатӣ буда, тавассути чорабиниҳо дар самти дастгирии минтақаҳои кӯҳӣ амалӣ мешавад. Ҳадафҳои танзими давлатӣ таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулот, инкишофи саноати коркарди он, ривоҷи инфрасохтор барои ташкили шаклҳои гуногуни саёҳату истироҳат ва ғайра мебошад. Ҳамзамон дар қонуни мазкур пардохти музди меҳнат, бо назардошти коэффитсиентҳои муқаррарнамудаи ноҳиявӣ ва фоизҳои иловагӣ ба музди меҳнат, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Тавре аз муқаррароти моддаи 11-уми ин қонун бармеояд, истифодабарандагони захираҳои табиӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ бояд манбаъҳои барқароршавандаи захираҳои табииро бо восита ва усулҳое истифода баранд, ки ба барқароршавии онҳо дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ мусоидат намоянд. Бояд ин субъектҳо талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳифзи табиат риоя кунанд.
Амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боз ҳам беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардуми ин маҳалҳо мусоидат менамояд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир А. ИСОЕВ