Дар ҳавзаи интихоботии «Ӯрунхоҷаев», №15 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳри Бӯстон мебошад, 77 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.
Теъдоди умумии интихобкунандагон 118037 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб, 3971 нафар бори нахуст дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат меварзанд.
Ситоди интихоботии ин ҳавза дар Қасри маданияти Арбоби ноҳияи ба номи Б. Ғафуров ҷойгир ва ҳуҷраи корӣ бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла, телефону факс, шабакаи интернету компютер ва принтеру телевизор муҷаҳҳаз гардидааст.
То ин дам дар участкаҳои интихоботии ҳавза чанд семинари дастурдиҳӣ баргузор ва маводи зарурӣ барои интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот», «Дастурамали комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот», «Роҳнамо барои комиссияи участкаҳои интихоботӣ», плакати ташвиқотии интихоботии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шудааст.
7 январ Комиссияи ҳавзавии интихоботии «Ӯрунхоҷаев», №15 Ахмедов Мирзоанвар (Ҳизби аграрии Тоҷикистон), Раҳимов Абдулатиф (Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон) ва Абдуллоева Моҳира (ҲХДТ)-ро ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифт.
Раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии «Ӯрунхоҷаев», №15 оид ба интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурауф Муллобоев дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаи номзадиро супорид.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»
******
Тавре раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии ҳудуди якмандатаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, №35 Маҳдӣ Орифзода зикр кард, тибқи қарори Комиссияи ноҳиявӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 18 декабри соли 2019-ум чил участкаи ноҳиявӣ ва бо қарори Комиссияи ҳавзаи Ҳамадонӣ, №35 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2019-ум 64 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла, 18 адад дар ноҳияи Восеъ, таъсис ёфтааст.
Номбурда, ҳамчунин, қайд кард, ки ҳудуди ҳавзаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро деҳоти «Гулистон» ва ба номи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Восеъ дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки дар ҳама участкаҳои интихоботӣ шиору овезаҳо насб ва ҷойҳои махсуси овоздиҳӣ бо тамоми шароит ташкил шудаанд.
- Шумораи интихобкунандагон 107 435 нафарро ташкил медиҳад, ки 4551 нафарашон бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок мекунанд, — гуфт Маҳдӣ Орифзода.
Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»
******
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони шаҳри Турсунзода омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.
- Алҳол дар ҳудуди шаҳр 64 участкаи интихоботӣ барои раъйдиҳандагон омода аст. Аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ маводи зарурӣ дастрас ва дар участкаҳо варақаҳои таблиғотӣ насб гардидааст. Вобаста ба интихобот семинарҳои омӯзишӣ низ гузаронда истодаем, — зикр кард муовини раиси Комиссияи ҳудудии интихоботии якмандата Қаҳҳор Нусратов.
Тайёрӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таҳти таваҷҷуҳи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода қарор дорад. Гурӯҳи махсуси корӣ, ки аз ҷониби раиси шаҳр ташкил шудааст, фаъолияти участкаҳоро назорат мекунад.
- Шахсан раиси шаҳр аз ҳар участкаи интихоботӣ дидан карда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои фаврӣ медиҳад. Умуман, шаҳр барои гузарондани маъракаи интихоботӣ пурра омода аст, — афзуд Қ. Нусратов.
Ёқуби СОДИҚ, «Садои мардум»
******
Дар ноҳияи Сангвор 27 участкаи интихоботӣ доир ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ташкил шудааст.
Тавре раиси Комиссияи интихоботии ноҳия Абдулвоҳид Хошоков изҳор дошт, ҳайати ҳар комиссияи участкавии интихобот аз 7 нафар иборат аст, ки фаъолияташонро тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» роҳандозӣ намудаанд.
Абдулвоҳид Хошоков гуфт, ки мо итминони комил дорем, интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳим фаъолона ширкат варзида, шахсони арзандаро вакил интихоб менамоянд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»