Тавре хонандагони рӯзнома иттилоъ доранд, бо дастгирии роҳбарияти Маҷлиси намояндагон тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2013 барои мақолаи беҳтарин дар мавзуи экология озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардида буд.
Мақсади озмун тарғиби сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси воқеъбинонаи мушкилоти экологӣ ва ҷалби доираи васеи гурӯҳҳои эҷодӣ — журналистон, коршиносон, мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он мебошад.
Озмун дар ду давр гузаронида шуда, чанде пеш даври дуюми он ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.
Барои ҳавасманд гардонидани ғолибон барои ҷойи якум 2000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1000 сомонӣ маблағи пулӣ ҷудо шуда буд.
Дар даври дуюми озмуни имсола унвонии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 мақола бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардиданд, ки онҳо ба инъикоси воқеии масъалаҳои мубрами экологӣ, ҳам дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам минтақа, бахшида шудаанд.
Аъзои ҳакамон ҷойи якумро бо натиҷаи 60 хол ба муаллифи мақолаҳои «Об агар сад пора гардад…», «Муаммоҳои экологии Роғун» ва «Экотуризми Сари Хосор» Ҳасан Асоев, мақоми дуюмро бо натиҷаи 58 хол ба муаллифи мақолаҳои дар мавзӯи «Кто станет первым?», «Когда зашумят леса?» ва «Нам выгоды, вам-выбросы» Тилав Расулзода ва ҷойи сеюмро бо натиҷаи 57 хол барои силсилаи мақолаҳо таҳти унвони «Сафсатагӯйӣ далели нотавонбинист», «Баҳрабардорӣ аз захираҳои гидроэнергетикӣ омили рушд аст» ва «Таконбахшии созандагӣ дар иншооти тақдирсоз» ба Далер Мерганов сазовор донистанд.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев зимни суханрониаш гуфт, ки дар ин даври озмун ҳарчанд сифати мақолаҳои ба озмун пешниҳодшуда хубтар шуда бошад ҳам, ҳанӯз онҳо пурра ҷавобгӯйи мақсаду вазифаҳои озмун нестанд. Баъзе мақолаҳо хусусияти хабарӣ ё мусоҳибавӣ дошта, таҳлил дар онҳо камтар дида мешавад.
Муаллифони мақолаҳо ва аъзои комиссияро зарур аст, ки ба мушкилоти экологии ҷумҳурӣ,минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон бештар аҳамият диҳанд. Барои ин ҳамкориҳоро бо вазорату идораҳои мутасаддӣ, мутахассисону коршиносон, аҳли зиё ва ҷомеаи васеи шаҳрвандӣ бояд ривоҷ дод. -Барои ҳифзи манфиатҳои ҷумҳурӣ зарур аст, ки мақолаҳои муаррификунандаи мавқеи ҷумҳурӣ, мақолаҳое, ки ҳолати экологии минтақаи Осиёи Марказиро воқеъбинона инъикос мекунанд, бештар ба нашр расанд, — афзуд Амиршо Миралиев. Бояд кӯшиш намуд, ки бо истифода аз олимон, мутахассисон ва коршиносон ба мақолаҳои ғаразнок дар бораи масъалаҳои экологие, ки дар дигар давлатҳо нашр мешаванд, ҷавоби саривақтӣ ва муносиб дода шавад.
Бино ба гуфти Амиршо Миралиев, мушкилоти экологӣ дар дохили ҷумҳурӣ низ кам нестанд. Фаъолияти баъзе корхонаҳои саноатӣ, ҳолати захираҳои замину об ва ҷангалзорҳо, вазъи ҷамъоварӣ ва безараргардонии партовҳо, маърифати экологии мардум аз ҷумлаи ин масъалаҳоянд. Мавзӯъҳои мазкур бояд аз мадди назар дур набошанд. -Ҳар як мақола мақсаднок иншо шуда, ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта бояд мусоидат намояд, — хулоса намуд номбурда.
Д.АБДУЛЛО, «Садои мардум»