Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ёд орем, ки он дар шароити ноороми ҷаҳони муосир, зери таҳдиду хатарҳои суиистифодаи сиёсату дин ҷараён гирифт.
Дар ин давра буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, мавҷҳои виртуалии геополитикӣ, паст шудани нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва шиддати таҳдидҳои дорои хислатҳои мухталиф, аз тарафи баъзе ҳизбҳои сиёсии кишвар, ба монанди ташкилоти террористии наҳзат, ки мехостанд давлати моро ноором созанд, эҳсос мешуд.
Мо — вакилони ин даъват зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҳадди зарурӣ тавонистем фаъолияти қонунгузориро бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ вусъат бахшем.
Пешвои миллат дар ифтитоҳи ин даъват — 17 марти соли 2015 зикр намуданд, ки «Имрӯз саросари ҷаҳонро буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва рақобатҳои шадиди геополитикӣ фаро гирифтаанд, ки оқибати онҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфии худро мерасонанд. Чунин вазъ вусъати ҳар чӣ бештари фаъолияти қонунэҷодкунии парламентро ба хотири таъмини суботу оромӣ ва рушди иқтидори иқтисодиву молиявии кишвар талаб мекунад».
Ин ҳидояти Сарвари давлат ба мо — вакилон раҳнамои фаъолият гашт ва самти корро муайян сохт. Фаъолияти кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дар заминаи қонунэҷодкунӣ ба андешидани тадбирҳо оид ба боздошти таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисод, амният ва таъмини некуаҳволии мардуми Тоҷикистон, фароҳамсозии шароит ҷиҳати таҳкими минбаъдаи истиқлолияти давлатӣ равона шуд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, ки яке аз кумитаҳои бонуфузи касбӣ дар парлумони кишвар ба ҳисоб меравад, баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар давраи мавриди назар, сари вақт иҷро намудани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, аз ҷумла, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили қонунҳои амалкунанда, таҳияи лоиҳаи қонунҳои нав корҳои муайянро иҷро намуд.
Аз ҷониби аъзои кумита 31 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод гардид, ки баъд аз омӯзиш, таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба дар ҷаласаҳои кумита, Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд.
Ин ҷо месазад аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ва «Дар бораи назорати маъмурӣ аз болои шахсоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шудаанд», ёдовар шавам, зеро аъзои кумита дар таҳияи онҳо иштирок намуданд.
10 — уми феврали соли 2016 дар фаъолияти касбии парламенти тоҷик чун санаи муҳими таърихӣ сабт хоҳад шуд. Он рӯз Маҷлиси намояндагон бо қабули қарори дахлдор дар бораи пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъини раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷиҳати такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошт.
Зарурати ин иқдомро метавон чунин шарҳ дод:
- тағйироти Конститутсия ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд;
- тағйиру иловаҳои воридшуда ба тавсеаи минбаъдаи равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо равона шудаанд;
- бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омад, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳ ва ибораву калимаҳои он мукаммал карда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд;
- меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ гардонда шаванд. Тағйирот имкон медиҳад, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ёбанд.
26 — уми октябри соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» — ро, ки аз тарафи як гурӯҳ вакилон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Далели раднопазири ин иқдом фаъолияти содиқона, созанда ва эътирофшудаи фарзанди фарзона ва сарсупурдаи миллат, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар лаҳзаҳои вазнинтарин ба сари қудрат омада, ба дили мардум умед, ба хонаи мотамзада ханда ва ба Ватани азизи мо сулҳу субот оварданд.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» бо либоси қонунӣ пӯшонидани воқеияти эътирофшуда таъиноти иҷтимоии худро пурра анҷом намедиҳад. Аҳамият ва вазифаҳои таърихии қонун, ҳамчун ифодагари даврони вазнини давлатсозии миллати тоҷик, саҳифаи муборизаи қаҳрамононаи фарзанди содиқи халқ бо бардошти бори амонати ҳифозати ваҳдати ҷомеа, суботи мардум, оромии халқ ва Ватани азизамон — Тоҷикистон пас аз садсолаҳо бештар рӯшан мегардад. Дар саргаҳи давлатдории навини мо эътироф шудани чунин фарзанди фарзонаву қаҳрамон кафолати устувории давлат ва муттаҳидии халқ атрофи ормонҳои созандаи миллати соҳибдавлат аст.
Доштани Пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст.
Ҳадафи таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» аз он иборат аст, ки ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати сейсмикӣ дар минтақаи фаъоли сейсмикии кураи замин ҷойгир аст. Заминҷунбиҳои шадиде, ки дар тӯли зиёда аз 100 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додаанд, ҳам хисороти ҷонӣ ва ҳам моддии зиёд расонид.
Мақсади асосӣ аз қабули қонуни мазкур таъмини бехатарии сейсмикии аҳолӣ дар ҳудуди кишвар мебошад. Қонуни номбурда муносибатҳои ҳуқуқию ташкилӣ дар соҳаи баҳодиҳии хатар, сохтмони бино ва иншооти ба заминҷунбӣ тобовар ва огоҳкунии пешакии аҳолиро бо мақсади ҳифзи шаҳрвандони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда ба танзим дароварда, коҳиш додани зарари иҷтимоию иқтисодиро аз заминҷунбиҳои шадид муайян менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки аъзои кумита дар асоси супориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2017, номаи раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 15 декабри соли 2017, баррасӣ намуда, аз вазъияти мавҷуда ба хулоса омаданд, ки баъзе пешниҳоди Суди конститутсионӣ ҷиҳати қабули санадҳои қонунгузории нав ва бартараф намудани мухолифат байни санадҳои қонунгузории алоҳида бояд мавриди омӯзиши кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон қарор дода шавад.
Аз ин лиҳоз, аъзои кумита дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ аз болои шахсоне, ки аз муассисаҳои ислоҳии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд»-ро таҳия намуданд, ки ҳоло мавриди муҳокимаи Ҳукумат ва вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.
Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни болозикр пешгирии ҷиноятҳои такрорӣ, вазнин ва махсусан вазнин, таҳкими мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.
Дар давраи сипаришуда дар кумита зиёда аз 500 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, 383 лоиҳаи қонун, аз ҷумла, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории дахлдор, 183 созишнома ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор гирифтанд. Доир ба масъалаҳои мазкур ба кумитаҳои марбутаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои дахлдор ирсол шуданд.
Аз шумораи умумии ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар маҷмӯъ оид ба 72-тои он кумитаи мо ҳамчун масъул муайян гардид ва онҳоро мавриди таҳлилу муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода, ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ва шиддат гирифтани низоъҳои мазҳабӣ дар кишварҳои Шарқ ҳимояи марзу буми кишвар ва амнияти давлату миллат ба масъалаи ҳаётан муҳим табдил ёфтааст. Экстремизм, терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун ҷиноятҳои вазнини зиддиинсонӣ аз доираи як давлат ва миллат берун ҷаста, хусусияти фаромиллӣ ва байналмилалиро касб карда, миллатҳо, динҳо, мазҳабҳо ва ҳатто давлату тамаддунҳоро дар муқобили ҳам қарор доданд.
Парламенти кишвар вобаста ба таҳдидҳои пешомада ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи амният» ва амсоли инҳо тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намуд, ки саҳми кумитаи мо дар ин самт хеле назаррас аст.
Зимнан, дар ин давра дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 уми декабри соли 2018, ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд, ки мавриди баррасии ҳамаҷонибаи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният қарор гирифт ва аз тарафи вакилон қабул гардид.
Қонуни номбурда асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд.
Дар қонуни мазкур ба асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба экстремизм, чораҳои мушаххаси ин муқовимат, баҳисобгирӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани ташкилотҳои экстремистӣ ва шахсони ба фаъолияти экстремистӣ алоқаманд, инчунин, ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм, бобҳои алоҳида бахшида шудаанд.
Мо – тоҷикон аз рӯи хусусиятҳои миллию фитриямон ҳамеша ба ояндаи нек эътимод дорем ва ҷонибдори ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ аз роҳи муколама ва ҳамгироиҳои байналмилалӣ мебошем. Аз ин ҷост, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъати муносибатҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Дар давраи мавриди назар ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти равобити байнипарламентӣ роҳбарияти кумита ва аъзои он зиёда аз 30 маротиба бо ҳайатҳои расмӣ ва шахсиятҳои давлатӣ аз кишварҳои дӯсту ҳамкор, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуданд. Дар ҳар як дидору гуфтугӯ мавзӯи асосии муколамаҳо тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ, рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои муҳим буд. Аз ҷумла, раиси кумита бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе Фейзо Нуманай, мушовири Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Капортсев Дмитрий Геннадиевич, роҳбари Форуми парламентӣ оид ба амният, вакили Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роберт Питтенгер, мушовири калон оид ба сиёсати хориҷии Бундестаги Олмон Ян Андреас, раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Иванович Калашников, профессорони Академияи ҳарбии Дания ҷаноби Лешли Эрнби ва ҷаноби Абдул Қудус ва шахсони дигари расмию давлатии кишварҳои дуру наздик вохӯрӣ намуд.
Кумита тибқи дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини фаъолияти пурсамари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар амалӣ намудани ваколатҳои кумитаҳо ва пурсамар гардонидани фаъолияти онҳо дар самти корҳои амалӣ-тарғиботӣ нақшаи чорабиниҳои дахлдорро таҳия ва амалӣ намуд.
Бо ташаббуси кумита 9 ноябри соли 2017 дар бинои Китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Мукаммалгардонии маҷмӯии як қатор назарҳои ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки аъзо ва кормандони кумита, намояндагони кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон, намояндагони филиали Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар натиҷа, баррасӣ ва муҳокимаи тавсияҳои нав ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон пешбинӣ гардид. Ҳамин тариқ, бо ташаббуси як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои қонунҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод карда шуданд.
Мувофиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният 5 апрели соли 2018 конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши парламенти касбӣ дар инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, олимону мутахассисон иштирок карданд.
Илова бар ин, тибқи Нақшаи чорабиниҳо, аъзо ва кормандони кумита бо ҳайати афсарон, сарбозони Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.
Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ низ доир гардиданд.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти вакилон метавон гуфт, ки даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибратомӯзу таърихии парламентаризми касбӣ эътироф хоҳад шуд.
Ҷӯрахон МАҶИДЗОДА, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният