«Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳар чӣ бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем».
(Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26 декабри соли 2019)
Оре, китоб сарчашмаи асосии дониш барои инсоният аст. Танҳо тавассути китоб метавон илму донишро аз худ кард. Ба қавли шоир:
Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
Ин ду маънӣ эътибори миллат аст.
Тоҷикон аз зумраи қадимтарин миллатҳои соҳибтамаддун ва дорои илму дониш мебошанд. Модари тоҷик ҳазорон олиму донишманд ва адибу шоирро ба камол расонидааст. Аз зумраи ин бузургони илму адаб метавон устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯали ибни Сино, Ҳаким Умари Хайём, Носири Хусрав, Ҷалолиддин Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозиро ном гирифт, ки асарҳои оламшумул офаридаанд.
Ба воситаи осори гаронарзиши бузургони миллат забони тоҷикӣ марҳилаҳои гуногуни рушду инкишофро тай карда, ба яке аз забонҳои дорои сарфу наҳви устувор ва қадима табдил ёфтааст. Имрӯз мо — тоҷикон бо забони бузургонамон мехонем ва менависем, бо забони устод Рӯдакӣ сухан мегӯем, вожаҳои таърихиву қадимаи «Шоҳнома»- ро мавриди истифода қарор медиҳем. Бинобар ин, забони мо мероси китобҳоест, ки аз бузургони мо омада расидааст. Китобу асарҳои бузургон буд, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз пойдор ва ширину гуворо боқӣ мондааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 декабри соли 2019, аз ҷумла, таъкид намуданд: «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.» Ин қаҳрамонию ватандӯстии бузургони миллатамон низ маҳз дар китобҳо инъикос ёфтаанд.
Аз ин хотир, насли имрӯзро зарур аст, ки ба китоб хондан бештар шуғл варзад. Зеро тавассути китоб аз таърихи худ бохабар мешавад, забону гуфтору ахлоқаш хубтару беҳтар мегардад. Китобхонӣ ҷаҳонбинии воқеиро васеъ ва диди шахсро ба ҳаёту ҷараёни воқеии он дигар менамояд. Аммо, ҷои таассуфи зиёд аст, ки насли имрӯза ба китоб чандон майл надорад.
Ба ҷои машғул шудан ба китобхонӣ, ҷавонон лаҳзаҳои пурқимати умри худро бештар ба интернет сарф менамоянд. Дуруст аст, ки аз интернет маълумоти зиёд гирифтан мумкин аст, вале он ҳеҷ вақт ҷои китобро намегирад. Чунки китоб ба одамон маълумот, илму дониш медиҳад ва чашми хонандаи худро ба сӯи ҷаҳони беканори фарҳанг мекушояд. Маълумоти интернетӣ умри кӯтоҳу зудгузар дорад, зеро мавзӯъҳои он бо сабаби он ки пай дар пай ва бисёр аст, яке ҷои дигарро мегирад ва боқимондаро аз сафҳаи хотираи инсон мисли «вирус» нест мегардонад. Илова бар ин, аз интернет боз садҳо навору маълумоти зараровару нолозим низ дастрас мегардад, ки мутаассифона, бетаъсир нестанд.
Аммо дониши китобӣ чунин нест. Аз китоб маълумоти воҳид ва бузургро пайдо менамоем, ки дар атрофи як мавзӯъ мутамарказ мешаванд. Бо ҳамин сабаб, маълумоте, ки тавассути китоб роҷеъ ба як мавзӯи воҳид пайдо менамоем, дар хотир мустаҳкамтар нақш мебандад ва ин имконият медиҳад, ки оид ба мавзӯъ дониши бунёдӣ ва устувор ҳосил намоем. Ҳар қадар ки бештар китоб хонем, дониши мо ҳамон андоза тақвият ёфта, хотираамон қавӣ мегардад. Аммо, ҳар қадар, ки пойбанди интернет шавем, ба ҳамон андоза дар мағзи мо маълумоти зиёду зудгузар ва ҳатто зарарнок ҷой мегирад ва хотираамон хаставу заиф мегардад. Албатта, истифодаи оқилона аз интернет хуб аст ва он то ҷое метавонад дар вусъати донишу ҷаҳонбинии мо саҳм гузорад, вале ҳеҷ гоҳ ҷойи китобро намегирад.
Шакармо КАМОЛОВА, омӯзгори МТМУ рақами 77, ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳри Душанбе