7 феврали соли 2020 нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
- Маркази тадқиқоти стратегӣ ба ҳайси яке аз институтҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии сиёсати давлатӣ, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷии давлат фаъолият менамояд,- зикр кард директори марказ Хуршед Зиёӣ.
- Дар ин ҷо, тибқи нақша, аз рӯи мавзӯъҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ, ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ таҳқиқот гузаронида мешавад.
Аз идомаи гузориши Хуршед Зиёӣ маълум гардид, ки дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони марказ дар соли 2019 пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилиро дар ҳаҷми умумии 1215 саҳифа таҳия ва ба ниҳодҳои марбута ирсол намудаанд. Марказ бо Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А. Баҳоваддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат робитаи кориро ба роҳ мондааст. Дар давоми соли 2019 беш аз 100 донишҷӯ аз муассисаҳои таҳсилоти олии дохилу хориҷи кишвар дар марказ таҷриба омӯхтаанд.
Дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ марказ ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории байналмилалии Олмон, Маркази дипломатияи пешгирикунанда(Ашқобод) тавсеа бахшидааст. Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.
Дар тӯли сол марказ 26 чорабинии илмию амалӣ, аз ҷумла, 11 конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 12 суҳбати гирди миз, 1 брифинг, семинар ва симпозиуми миллӣ баргузор намудааст.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, марказҳои тадқиқоти стратегии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон,Туркия, Латвия, Литва ва Лаҳистон ҳамкориро роҳандозӣ намудааст.
- Соли сипаришуда кормандони марказ дар курсҳои марбути такмили ихтисоси ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Ҳиндустон савияи дониши худро такмил доданд, — иброз дошт Хуршед Зиёӣ.
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»