Соли 2019 дар ҷумҳурӣ 680 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи 46 ҳодисаи табиӣ беш аз 31 миллион сомонӣ зарари моддӣ расидааст. Ин нукта 6 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода баён гардид.
Аз ҳолатҳои фавқулодае, ки ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат зарар расидааст, 24 ҳодиса ба бориши борон ва омадани сел, ҳашт лағжиши тарма, панҷ резиши санг, ду ҳодиса ба шамоли сахт, фаромадани ярч, бориши барфи зиёд ва хунукии сахт, як ҳодиса ба раъду барқ, баландшавии обҳои зеризаминӣ ва болоравии сатҳи об дар рӯдхона тааллуқ доранд, ки дар натиҷа 22 нафар ба ҳалокат расидааст.
- Ба оилаи ҳалокшудагон тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқулода 22 ҳазор сомонӣ кумаки якдафъаина расонида шуд, — зикр кард раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Рустам Назарзода гуфт, ҳолатҳои фавқулода нисбат ба соли 2018 ду маротиба афзуда бошанд ҳам, дар натиҷаи гузаронидани корҳои пешгирикунанда ва профилактикӣ маблағи зарар 8,5 фоиз кам шудааст.
Бино ба маълумоти номбурда, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1471 мавзеи хатарнок ба қайд гирифта шудааст, ки 639-тои он минтақаҳои аввалиндараҷаи хатарнок маҳсуб мешаванд.
- Аз ҷумла, дар ВМКБ — 115, вилояти Суғд — 131, вилояти Хатлон — 46, водии Рашт — 111, водии Ҳисор — 230 ва шаҳри Душанбе шаш мавзеи аввалиндараҷаи хатарнок ба қайд гирифта шудааст. Дар ин мавзеъҳо 224170 нафар зиндагӣ мекунанд, ки тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи марҳила ба марҳила кӯчонидани онҳо ба ҷойҳои бехавф амалӣ шуда истодааст, — гуфт генерал-лейтенант Рустам Назарзода.
Қайд гардид, ки дар мавзеъҳои зикршуда эҳтимоли обхезӣ, фаромадани ярч, тарма, резиши санг ва дигар офатҳои табиӣ хеле зиёд аст.
М. УСМОН, «Садои мардум»