Раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли сипаригардида кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри таъмини суботу оромӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ масъулияти базиммадоштаашонро софдилона ба ҷо оварданд.
Бино ба гуфти ӯ, соли 2019 дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар қиёс ба соли 2018 ҷиноятҳои вазнин, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, авбошӣ, бандитизм ва дуздӣ кам гардид. Дар ин давра аз ҷониби ноболиғон содир шудани ҳашт ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 14 адад кам мебошад.
- Дар шаҳри Ваҳдат масҷиди марказӣ, 11 масҷиди ҷомеъ, 178 масҷиди панҷвақта ва се ташкилоти ғайриисломӣ фаъолият менамоянд. Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад. Соли гузашта дар ин робита 50 қонунвайронкунӣ пешгирӣ ва 23 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид. Нисбат ба 21 ҳолат бо қарорҳои комиссияи доимӣ ба маблағи 83,8 ҳазор сомонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба Суди шаҳри Ваҳдат пешниҳод шуд, — иброз дошт Раҳмоналӣ Амирзода.
Раис, ҳамчунин, афзуд, ки вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат, ки ҳадафи чоруми стратегӣ маҳсуб меёбад, соли 2019 дар шаҳр панҷ коргоҳи дӯзандагӣ, дӯкони истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти чармӣ ва ранг кардани он, корхонаи коркарди металлҳои рангаи ҶДММ «ВЕН-ДЗЯН», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҶДММ «Тилло-жело» ва панҷ корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғу забҳи паранда ба фаъолият оғоз намуд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»