Директори Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода сеюми феврал зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли гузашта 105 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, барои мукаммалу мушаххас намудани механизми татбиқи онҳо 932 пешниҳод ирсол шуд.
Аз ҷумла, ба лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи сайёҳӣ» ва «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардид.
Сипас, оид ба мухолифати бандҳои баъзе қонунҳо бо кодексҳо изҳори андеша кард.
- Дар ҳолатҳое, ки қонун бо кодекс мухолифат дорад, бартарият ба кодекс дода мешавад, — гуфт Иззатулло Саидзода.
Назар ба қавли номбурда, соли 2019 ба Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 202 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки ба онҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ҷавоби қаноатбахш дода шуд.
М. УСМОН, «Садои мардум»