Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дар нишасти матбуотӣ, ки 5 феврал доир гардид, аз хусуси ба амалбарории адолати судӣ аз ҷониби судҳои иқтисодӣ дар соли 2019 маълумот пешниҳод намуд.
Аз ҷумла, таъкид кард, ки мусоидат намудан ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо ва ҷорӣ кардани татбиқи дурусту якхелаи қонунгузорӣ самти муҳими фаъолият маҳсуб меёбад. Аз ҷониби Суди Олии иқтисодӣ сабабҳои бекоршавии қарорҳои судӣ мунтазам таҳлил ва дар ин замина ба нақшаи омӯзиши судяҳо мавзӯъҳои зарурӣ ворид ва судяҳо баҳри таҷрибаомӯзӣ ба суди болоӣ ҷалб мешаванд.
Соли гузашта ба судҳои иқтисодӣ 3563 аризаи даъвогӣ ва шикояту дархост ворид гардид ва аз ин шумора 2679 парванда моҳиятан бо баровардани санадҳои судӣ баррасӣ шуд. Дар ин давра зимни муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ аз ҷониби шахсони воқеиву ҳуқуқӣ 5388463 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт ва ба буҷет ворид гардид.
Доир ба рӯёнидани зарар ва қарз ба маблағи 278 823 470 сомонӣ, тибқи тартиби муқарраргардида, варақаи иҷро ирсол шуд. Қобили зикр аст, ки иҷрои санадҳои судӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардид ва соли гузашта 97 199 266 сомонӣ ҳамчун боҷи давлатӣ ва зарари ба давлат расонида ба буҷет ворид шуд.
- Мо ба ҷамъбасти амалияи судӣ диққати махсус медиҳем. Соли рафта 37 маротиба ҷамъбасти баррасии парвандаҳо гузаронида, барои бартараф намудани сабабҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳои роҳдода ба мақомоти дахлдор 25 пешниҳод ирсол шуд, — изҳор дошт раиси Суди Олии иқтисодӣ.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»