Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз дастовардҳои бузургу созанда дар самти рушду нумӯи мамлакат ва таҳкими сулҳу субот, оромии ҷомеа буда, шаҳодат медиҳад, ки миллати сарбаланди тоҷик зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст.
Сардори давлат дар Паём иброз доштанд: «Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад». Дастоварди муҳим дар соли сипаригашта таҷлили бошукӯҳи 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, 25 — солагии Конститутсия ва ба кор андохтани агрегати дуюми НБО-и «Роғун» мебошад. Бояд зикр кард, ки дар тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатӣ миллати сарбаланди тоҷик бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир ноил гардида, Тоҷикистонро ба як гӯшаи биҳишти рӯи замин табдил дод.
Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат ҳоло дар тамоми манотиқи кишвар ободонӣ бомаром идома дорад. Дар онҳо саҳми фарзандони бонангу номуси мамлакат, ба вижа, соҳибкорону мардони саховатпеша, бениҳоят бузург аст.
Пешвои миллат ба ин нуқта таваҷҷуҳ зоҳир карда, изҳор доштанд: «Бояд гуфт, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд. Чунин корҳо, ки гувоҳи фаъолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, ҳоло бомаром идома доранд».
Сардори давлат ба забономӯзии хонандагони муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, минҷумла қайд намуданд: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем… Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд». Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳоло сатҳу сифати илмомӯзии ҷавонону наврасон нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар шудааст. Бо мақсади боз ҳам афзун гардидани шавқи китобхонии наврасону ҷавонон соли равон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» баргузор гардид.
Далели бебаҳс аст, ки илму маориф дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Вобаста ба ин Пешвои миллат дар Паём пешниҳод намуданд, ки солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад.
Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз ба таъмини зиндагии арзандаи сокинони кишвар нигаронида шудааст.
Олимшо БАҲОДУРЗОДА, муовини сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб