Вохӯрии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар мамлакат идома дорад. Дар робита ба ин, дар ноҳияҳои водии Рашт мулоқоту вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рашт, №12, Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон доир гардида истодаанд.
Аз ҷумла, мулоқоти ӯ дар ноҳияи Тоҷикобод дар сатҳи баланд баргузор шуд. Раиси Комиссияи интихоботии ҳавзаи якмандатии Рашт, №12 Муллоҷон Аҳмадов онро оғоз бахшида, зикр намуд, ки бояд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ иштирок намоем, зеро ҳар як шаҳрванд бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ бояд вакилони арзандаро ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат барои панҷ соли оянда интихоб намояд.
Шахси боэътимоди номзад аз ноҳия Баҳодур Абдусатторов доир ба ҳаёту фаъолият ва хизматҳои шоёни Маҳмадтоир Зокирзода муфассал маълумот дод. Аз ҷумла, қайд кард, ки Маҳмадтоир Зокирзода зимни фаъолияти меҳнатиаш дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ дар ободонию рушди ноҳия саҳми назаррас гузошта, ҳамчун ходими давлатию ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоён намудааст.
Сипас, Маҳмадтоир Зокирзода барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуд.
Барномаи номзад, ки таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоиста» тарҳрезӣ шудааст, самтҳои гуногуни хоҷагии халқро дар бар мегирад. Аз ҷумла, татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, инфрасохтор дар деҳот, истифода аз захираҳои энергетикӣ, дастрасии бештари аҳолӣ ба кумаки аввалияи тиббӣ, ислоҳот дар соҳаи маорифу фарҳанг, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ аз ҳадафҳои он ба шумор мераванд. Тавре маълум гардид, ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии номзад асосан ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони манотиқи кӯҳистон нигаронида шудаанд.
Иштирокдорони мулоқот ҳамовозии худро аз сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳор дошта зикр карданд, ки дар интихоботи дарпешистода фаъолона иштирок менамоянд.
Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, бо сокинони ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Рашт ва Нуробод мулоқот баргузор намуд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»