Қувваҳои Мусаллаҳ кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоишта ба ҳисоб мераванд

№24 (4130) 22.02.2020

49564554152_8da11c640a_o21 феврали соли 2020 дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муносибати таҷлил аз 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон намоиши силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва гузашти низомии ҳашт ҳазор нафар хизматчии ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе доир гардид.

Дар маҳали баргузории чорабинӣ намунаи тӯпҳои қутрашон гуногун, танкҳо, техникаҳои вазнини зиреҳпӯш, артиллерияҳои худ­гард, мошинҳои боркаш, нақлиётӣ ва махсуси зиреҳдори замонавӣ, дигар силоҳу муҳимоти ҳарбӣ ва воситаҳои ашковару беҳушкунанда, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат истифода мешаванд, ба намоиш гузошта шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи мошинҳои сайёри бо техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз, ки метавонанд дар ҳолати буҳрони ҷанг ва ё вазъияти фавқулода фаврӣ ба мавзеу минтақаҳои муайяншуда интиқол ёбанд, шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мошинҳои сайёр ба Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст мебошанд ва ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати фавқулода ва ё шурӯъ шудани амалиёти ҷангӣ метавонанд бо ҳайати фармондеҳӣ ба мавзеу минтақаи таҳдидкунандаи хатар ҳозир шаванд ва зимоми идора намудани вазъиятро бар уҳда гирифта, аз ҳолати воқеӣ мустақим ба Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ хабар расонанд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз намоишгоҳи муҳимоти ҳарбӣ, вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир бобати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагии ҷангӣ нигоҳ доштани онҳо ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон, ба ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Артиши Тоҷикистон оғоз гардид ва ҳанӯз идома дорад, корҳои зиёду назаррас амалӣ карда шудааст.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи навсозии Артиши миллӣ, дар қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишвар барои афсарону аскарон пойгоҳҳои ҳозиразамони ҳарбӣ бунёд гардиданд.

Баҳри баланд бардоштани қудрати ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмҳои низомӣ бо техникаву лавозимоти гуногуни ҳозиразамони ҳарбӣ таъмин карда, дар онҳо заминаҳои хуби моддиву техникӣ, хизмативу маишӣ ва таълимӣ фароҳам оварда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо афсарону сарбозон ба онҳо дар самти хизмати содиқона ба Ватан ва ҳимояи ҳар зарраи хоки он барору комёбиҳо орзу намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо техникаҳои ҷангӣ, ба маркази баргузории чорабинӣ, ки дар майдони он ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе саф кашида буданд, ташриф оварданд.

Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод.

Баъди садо додани Суруди миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо мардуми шарафманди кишварро ба муносибати таҷлил аз 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Сипас, бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе оғоз гардид.

Дар парад, инчунин, шунавандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, афсарони хадамоти махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантони муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, бонувони Артиши миллӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар сохторҳои қудратӣ гузашти низомӣ доир намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Артиши миллии кишвар ба як неруи бузурги ҷангӣ табдил ёфтааст ва қодир аст, дастоварду манфиатҳои давлати тозаистиқлол, сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя  ва таъмин намояд.

Роҳбарияти Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали бунёди Артиши миллӣ, новобаста аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафҳои Артиш бо афсарони касбиву мутахассисони варзидаи низомӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Илова бар ин, аз рӯзҳои нахустини таъсис­ёбии Артиши миллӣ ба масъалаҳои бунёду таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, ташкили ­навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, пурра намудани он бо ҳайати шахсӣ ва беҳдошти омодагии ҷангии хизматчиён, аз ҷониби Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Баъд аз расми гузашти ҷузъу томҳо дар маркази майдони баргузории чорабинӣ, аз ҷониби афсарону сарбозони ротаи Қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллӣ ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода шуд.

Ротаи Қаровули фахрӣ иштирокчии доимии парадҳои ҳарбӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Омода кардани ротаи Қаровули фахрӣ ба худ талаботи хос дорад. Номзадҳо ба ҳайати он вобаста ба қаду баст, симои миллӣ, қадамҳои росту сафӣ ва тибқи дигар тартибу низоми махсус интихоб мешаванд. Муҳлати омода кардани ҳайати ротаи Қаровули фахрӣ аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад.

Ҷузъу томҳои ротаи Қаровули фахрӣ ҳангоми иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомӣ бо саф ва силоҳи худ 27 солро таҷассум намуданд, ки ишора ба таҷлил аз 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷараёни баргузории чорабинӣ дар маркази майдон аз ҷониби навозандагони Оркестри ҳарбии муттаҳида, ки шумораи онҳоро 150 нафар ташкил медиҳад, таҳти созҳои нафасӣ, бо маҳорати баланд платс — консерт намоиш дода шуд.

Дар гузашти ҳарбӣ ва ҳангоми иҷрои ҳаракатҳои мавзуни низомии ротаи Қаровули фахрӣ, оҳангҳои бастакорони шинохтаи тоҷик Зокирҷон Нишонов, Фозил Солиев, Шодмон Пулодӣ, Рус­там Содиқов ва дигарон садо доданд.

www.president.tj