Меҳнати ҳалолу созанда, ватанпарварию инсондӯстӣ, донишу фарҳанги баланд инсонро сазовори эътимоду боварӣ мегардонад. Роҳи тайкардаи Усмонзода Хайридин Усмон ибратбахшу пуршараф аст.
Ӯ зодаи ноҳияи Варзоб мебошад. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ (деҳаи Зуманди деҳоти «Деҳмалик»), соли 1984 ба факултети ҷомеашиносӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии Латвия дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гардид. Пас аз хатм (соли 1989) дар кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур (собиқ Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон) бо ихтисоси ҷомеашинос — тарҷумон ба фаъолияти омӯзгорӣ ва пажӯҳиши масъалаҳои иҷтимоӣ пардохт. Дар вазифаҳои омӯзгори калон, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, сардори Идораи робита бо созмонҳои ҷамъиятии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими илмӣ, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директор оид ба корҳои илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, донишу таҷрибаашро такомул бахшид ва дар тарбияи мутахассисони соҳа, пешрафти илми ҷомеашиносӣ хизмати шоиста кард.Сипас, соли 1997 таҳти унвони «Техника ҳамчун падидаи фарҳангӣ» рисолаи номзадӣ ва соли 2005 дар мавзӯи «Ҷанбаҳои иҷтимоию фарҳангии равандҳои трансформатсионӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ кард. Соли 2011 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) Федератсияи Россия соҳиби унвони профессор аз рӯи ихтисоси «фалсафаи иҷтимоӣ» гардид. Соли 2017 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Фаъолияти хастагинопазири Хайридин Усмонзода, албатта, аз назари роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонд. Моҳи марти соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъин шуда, бо ташаббус ва иқдоми ӯ факултетҳои санъати мусиқии мардумӣ, режиссура, кино ва телевизион, кафедраи низоми иттилоотии фарҳанг ва педагогика, инчунин, ихтисосҳои нави кинотелеоператор, низоми иттилоотӣ дар фарҳанг, менеҷменти муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ, драматургия, WEB — журналистика, бойгонии аудиовизуалӣ ва ғайра таъсис дода шуданд.
Ба қалами ӯ шаш монография, шаш китоби дарсӣ ва 65 мақолаи илмӣ тааллуқ дорад, ки чун таълифоти арзишманд аз ҷониби олимони соҳа эътироф гардидаанд. Таҳти роҳбариаш 14 нафар рисолаи номзадӣ ва чор кас рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд.
Татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии Барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳти шиори «Сулҳу ваҳдат, ободониву созандагӣ, беҳдошти некуаҳволии зиндагии халқ» мароми асосии Хайридин Усмонзода аст. Номбурда барои хизматҳояш бо нишонҳои «Аълочии маориф» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор шудааст.
Хайридин Усмонзода аз қабили инсонҳоест, ки манфиати халқу давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло мегузорад. Инсони соҳибтаҷриба, фозил, сахтгиру адолатпарвар, хоксор мебошад.
Ҳадафҳои созандаи Хайридин Усмонзода чун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ, №9 ифодагари манфиатҳои халқи ватандӯст ва меҳнаткашу фарҳангпешаи кишвар аст.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»