Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими сиёсии мамлакат маҳсуб меёбад, зеро татбиқи саривақтии нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз замина фароҳам меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин ва рӯзгори мардум беҳбудӣ ёбад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳое, ки татбиқи нуктаҳои Паём дуруст ба роҳ монда шудааст, пешравии зиёд рӯйи кор омадаанд.
Яке аз муассисаҳо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад, ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷойгоҳи хос ва мақому манзалати баландро соҳиб аст. Роҳбарияти он пешравиҳои раванди фаъолиятро ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут медонанд.
Чанде пеш бо мақсади воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, эътирофи донишгоҳ ва дипломи он дар хориҷи кишвар 6 барномаи таълимӣ, аз ҷумла, 4 барномаи бакалавр ва 2 барномаи магистрӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт. Суҳбате, ки бо ректори он, профессор Ҳамидуллохон Фақеров доир намудем, моҳият, раванди иҷро ва дастовардҳои ноилгардидаро қисман ифода менамояд.
- Ба ҳеҷ ваҷҳ андешаронӣ бобати ҳуҷҷати муҳиме чун Паём ва иқдомот ҷиҳати иҷрои нуктаҳои он бояд сатҳӣ набошад, зеро татбиқи ҳар як ҳуҷҷати сарнавиштсоз иқдоми дастаҷамъона ва ҷиддиро тақозо менамояд…
- Дуруст. Аввалан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози моҳият хеле муҳим ва саривақтӣ маҳсуб меёбад. Муҳимияти он, дар навбати аввал, аз масъалагузорӣ, таҳлил, ояндабинӣ, ошкори камбудиҳо, муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маншаъ гирифтааст. Сониян, барои мардуми кишвар, сарфи назар аз мансубият ба ин ё он қишри ҷомеа, дастури роҳнамост. Барои мисол, ҳангоме ки Сарвари мамлакат соҳаи маорифро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд, чунин зикр гашт: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд».
Дар мавриди дигар гуфта шуд: «Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд».
Ин суханон бевосита далели возеҳи собитқадам будани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи рушд аст.
- Дар яке аз паёмҳои қаблӣ зикр шуда буд, ки «минбаъд муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонанд ва то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилотро таъмин намоянд». Дар ин самт чӣ дастовард доред?
- Таъкиди ин масъала дар ҳуҷҷати муҳиме чун Паём бесабаб нест. Дар ҷаҳони муосир густариши ин раванд кафолати пешсаф будан дар ҳама ҷанба маҳсуб меёбад.
Биноан, аз рӯзҳои аввали фаъолият ба сифати ректори донишгоҳ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ин масъаларо самти афзалиятнок қарор додем. Хушбахтона, иқдом самар овард ва заминаи моддиву техникии донишгоҳ хеле мустаҳкам гардид.
Донишгоҳ дорои базаи моддӣ-техникии замонавӣ, 7 бинои таълимӣ, 142 синфхона бо 4960 ҷойи нишаст, 7 озмоишгоҳи таълимӣ, 16 кабинети методӣ мебошад. Дар он 778 компютер, 16 синфхонаи компютерӣ, 92 проектор, 92 тахтаи электронӣ, 86 ноутбук, 131 принтер, 2 синфхонаи лингафонӣ, компютери деворӣ ва минбари интерактивӣ дар раванди таълим мавриди истифода қарор доранд.
- Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардид ва дар он нахустин бор ба мақоми омӯзгор боби алоҳида бахшида шуд. Дар робита ба қабули ин қонун Пешвои миллат таъкид карда буданд, ки «Мо бори дигар нишон додем, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо мақоми хоса дорад. Тибқи ин қонун ба омӯзгорон имтиёзҳои зиёде пешбинӣ шудаанд ва ман аз тамоми масъулини Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб менамоям, ки иҷрои бечунучарои муқаррароти қонуни мазкурро таъмин созанд».
Шумо, ки таҷрибаи ғании кор дар соҳаи маорифро доред, хоҳишмандам ба хонандагон он имтиёзҳоро шарҳ диҳед.
- Ислоҳоти соҳаи маориф собит намуд, ки танҳо тавассути ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ба ҳадафи ниҳоӣ расидан имконнопазир аст, зеро ҳар як давраи инкишофи ҷомеа хусусиятҳои рушди соҳаро муайян намуда, зарурати ислоҳотро ногузир мегардонад. Бинобар ин, зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» амри воқеӣ гардид. Қонуни то ин дам амалкунанда, ки 17 майи соли 2004 қабул гардида буд, аз лиҳози мазмуну моҳият самтҳои зиёди соҳаи маорифи ҷумҳуриро инъикос карда наметавонист.
Қонуни нав, ки фарогири 8 бобу 69 модда аст, холигиҳои қонуни амалкунандаро пурра менамояд. Дар моддаи 53-юми қонун имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, аз қабили ба таъхир андохтани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ, бо тартиби муқарраргардида гирифтани рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани собиқаи корӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардидан бо доруворӣ ва табобати бепул ҳангоми беморӣ, дар навбати аввал таъмин гардидан бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзил ва ё беҳтар намудани шароити манзил бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани иловапулӣ ба маоши омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомашон махсус фаъолият менамоянд, мушаххас пешбинӣ гардидааст.
Дар моддаи 54 вобаста ба таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф омадааст, ки андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ набояд аз андозаи музди меҳнат дар муассисаҳои давлатӣ кам бошад.
Музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз андозаи меъёри кафолатдодаи давлат иборат буда, ба он иловапулиҳо ба музди меъёри муқарраргардида зам карда мешаванд. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи маблағи ҷудошуда метавонанд мустақилона шаклу низоми пардохти музди меҳнат, меъёри иловагии музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, шаклҳои тафриқадодаи пардохти иловапулӣ ва мукофотпулиро истифода баранд. Ба музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар ноҳияҳо ва маҳалҳои шароити табиию иқлимӣ ва маишиашон номусоид кор мекунанд, коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадоранд, ки омӯзгорони сокини деҳотро баробари аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ бо қитъаи замин ва молумулки дигари тақсимшаванда, мутобиқи меъёрҳои барои маҳал муқарраршуда, таъмин намоянд.
Пешвои миллат, ки ба шахсияти омӯзгор таваҷҷуҳи хоса доранд, дар яке аз суханрониҳояшон гуфтанд: «Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад».
- Чанде пеш бо мақсади воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, эътирофи донишгоҳ ва дипломи он дар хориҷи кишвар 6 барномаи таълимӣ, аз ҷумла, 4 барномаи бакалавр ва 2 барномаи магистрӣ, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт…
- Бале. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки дар байни макотиби олии кишвар нахустин шуда, ба низоми кредитии таҳсилот ворид гардида буд, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас тадбири зиёд андешида истодааст.
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, дар оғози соли таҳсили 2019-2020 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ба Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон 6 барномаи таълимӣ, аз ҷумла, 4 барномаи зинаи бакалавр — 1 — 250103 — «иқтисодиёти ҷаҳонӣ», 1-250104 — «молия ва қарз», 1-250107 — «иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо», 1-240103 — «ҳуқуқи иқтисодӣ» ва 2 барномаи таълимии зинаи магистратура — 1-250103 — «иқтисодиёти ҷаҳонӣ» ва 1-250104 — «молия ва қарз»- ро пешниҳод намуд. Бояд гӯям, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намудани роҳбарияти донишгоҳ, дар навбати аввал, ба боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳи таълиму тарбия ва болотар бурдани нуфузи байналмилалии донишгоҳ вобаста аст.
Комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг аз 9 то 12-уми декабри соли 2019 мутобиқати барномаҳои таълимӣ, раванди таълим ва шароити донишгоҳро барои амалӣ намудани барномаҳои пешниҳодгашта арзёбӣ намуданд. Бо қарори Шӯрои аккредитатсионии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (АМАР), аз 20 декабри соли 2019, барномаҳои пешниҳодгашта аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Дар робита ба ин рӯйдоди хотирмон директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг, номзади илми ҳуқуқ А. Жумагулова раёсат ва омӯзгорони донишгоҳро самимона табрик гуфта, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуд.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»