Барқияи тасаллият

№26 (4132) 27.02.2020

25 феврали соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сисӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари даргузашти собиқ роҳбари давлати Ҷумҳурии Арабии Миср Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак, ки ба ҳайси ходими намоёни давлатӣ фазои як давраи комили рушди Мисрро муайян намуд, ҳамчун сиёсатмадор дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибори зиёд дошт.

Мо талошҳои пайвастаи марҳумро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср қадрдонӣ менамоем ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорем.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва мардуми дӯсти Миср таъзияву тасаллии самимии ин ҷонибро иброз менамоям ва ба ҳамаи пайвандону наздикони ӯ сабри ҷамил хоҳонам.

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».

www.president.tj