«Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд».
Эмомалӣ Раҳмон
Муҳаққиқон таърихи пайдоиши китобро ба тараққиёти илм, забон, хат, адабиёт, санъат ва техника алоқа медонанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, дастнависҳои папирусӣ бори нахуст дар Мисри қадим, ки ба ҳазораи 4-3-юми то милод рост меояд, тааллуқ доранд. Дар раванди тараққиёти ҷомеа ва талаботи замон вобаста ба ихтирои қоғаз, назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Акнун ба ҷои сангу чӯб аз қоғаз васеъ истифода мебаранд.
Китоб муҳимтарин падидаи фарҳангӣ дар дунё ба ҳисоб рафта, онро метавон пурқиматтарин ганҷинаи ҳастии инсон ном бурд.
Мардуми тамаддунофари тоҷикро аз қадим ҳамчун китобхону китобдор мешинохтанду мешиносанд. Мардум дар радифи Модар ва Ватан, китобро муқаддас мешуморанд. Дар китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» қайд шудааст, ки: «Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд».
Барои рушди соҳаи китобдорӣ қонуну барномаи зиёд ба тасвиб расидаанд. Дар дебочаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» омадааст: «Қонуни мазкур асоси ҳуқуқӣ ташкил, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавридҳои ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, барои дастрасии озодона ба комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ танзим менамояд». Бо қабули он фаъолият тавсеа ёфта, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ бештар гардид. Чоруми сентябри соли 2007 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоштанд.Он рӯз Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳар сол 4-уми сентябр дар кишвар «Рӯзи китоб» ҷашн гирифта шавад ва он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардид. Пас аз панҷ сол, дар арафаи Наврӯзи соли 2012 муассисаи мазкур бо шароити муосир ва замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт ва дар рӯзи ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Лозим ба ёдоварист, ки бинои нави китобхона барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ перомуни масоили китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, бавижа, китобҳои бадеӣ, ибрози назар намуда, минҷумла таъкид кардаанд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад». Дар Паёми хеш Пешвои миллат супориш доданд, ки китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров интишор ва ба ҳар хонадони мамлакат тақдим карда шавад. Ин падидаи беназир дар тӯли таърих мебошад, ки аз арҷгузории баланд ба фарҳангу китоб ва ғамхории падаронаи Сарвари давлат ба мардум шаҳодат медиҳад. Яке аз чорабиниҳои беназири дигаре, ки бо Амри Президенти кишвар баргузор гардиду замина фароҳам овард, ки ҳазорон нафар китобхон шаванд, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» буд. Биноан, Роҳбари давлат супориш доданд, ки озмунро идома диҳанд. Умуман, аз рӯзи ба сари қудрат омаданашон Пешвои миллат ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушди он саҳми беназир гузоштаанд. Аз ин хотир, бо боварии комил метавон ӯро эҳёгари китобхониву китобдорӣ ном бурд.
Ҳалим ДАВЛАТОВ, иҷрочии калони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон