Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба ноҳияи Муъминобод, моҳи сентябри соли 2019, дастур дода буданд, ки соҳаи моҳипарварӣ рушд бахшида шавад. Обанбори ноҳия, ки аз соли 1958 мавриди истифода қарор гирифтааст, барои обёрӣ кардани заминҳои таҳдашт пешбинӣ шуда буд. Акнун дар он истеҳсоли моҳӣ низ ба роҳ монда мешавад.
Ба ин хотир, бо ибтикори роҳбарияти ҶДММ «Меҳвар» (сардораш Комилҷон Ғаниев) аз вилояти Суғд 700 ҳазор моҳича, аз ҷумла, амури сафед оварда, дар он сар доданд. Ин имкон медиҳад, ки моҳипарварон баъди 9-10 моҳ аҳолии ноҳия ва берун аз онро бо моҳӣ таъмин намоянд.
Айни замон дар Муъминобод ду ҳавзи моҳипарварӣ мавҷуд аст.
А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»