Дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир шуд.
Дар он масъалаҳо «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Роҳрави ҲИМОМ 2, 3 ва 5 (роҳи мошингарди Обигарм – Нуробод)», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D4780-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе», «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» ва «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ва онҳоро вакилони мардумӣ якдилона тасдиқ ва амалигардониашонро барои рушди ҷомеа ва ҳамкориҳои минбаъда муҳим маънидод карданд. Аз ҷумла, дар гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зикр гардид, ки дар давраи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум зимни 179 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон 2514 қарор қабул карда шуд. Дар 129 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бошад, 795 санад, аз ҷумла, 497 қонун, ба тасвиб расидааст.
Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», «Дар бораи таъмини иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои тандурустӣ ва меҳнат, ду қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф (соли 2016 ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2019 ба муносибати 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ», «Дар бораи ҳунармандӣ», «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Бо тақозои замон қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ворид намудани тағйироту иловаҳо нахустин маротиба дар таърихи парламенти касбии тоҷик дар таҳрири нав ба табъ расонда шуданд. Онҳо шаффофияти максималӣ ва демократисозии минбаъдаи раванди интихоботро таъмин ва истифодаи пурсамарро барои шаҳрвандон муҳайё менамоянд.
Ҳамчунин, бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми майи соли 2016 дар кишвар раъйпурсии умумихалқӣ барпо карда шуд ва аксари шаҳрвандон барои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ раъйи мувофиқ доданд.
Инчунин, қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», солҳои 2018-2028», ки дар пайи ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ҳамчунин мавриди истифода қарор додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», дастёбӣ ба ду ҳадафи стратегии давлат: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар ҳамин давра муяссар гаштанд. Ва Пешвои миллат аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистонро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карданд.
Дар иртибот ба ин ҳадаф Маҷлиси намояндагон дар баробари қабули як силсила қонунҳои зарурӣ «Стратегияи миллии рушди ҶумҳурииТоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро ба тасвиб расонд, ки бомаром татбиқ шуда истодаанд.
Тафсилоти бештарро доир ба ин масъала дар шумораи баъдии рӯзнома мутолиа хоҳед кард.
«Садои мардум»