Дар наздикии истгоҳи метрои «Рязанский проспект»-и шаҳри Москва тарабхонае бо номи «Зарафшон» фаъолият мекунад, ки бо ғизоҳои лазиз, хизматрасонии олидараҷа, нақшу нигору ороишоту мусиқии фораму гӯшнавози миллии тоҷикӣ мизоҷони зиёдро ҷалб намудааст. Зимни сафари хидматие, ки чанде пеш ба шаҳри Москва доштем, бо тавсияи Хуршеди Хатлонӣ ном дӯстамон дар он ҷо меҳмон шудем. Баробари ворид шудан ба он кас худро дар Тоҷикистон эҳсос менамояд.
Пешхизматон даст пеши бар муаддабона моро дар ягона мизи холӣ ҷой доданд ва хушҳол шудем, ки тарабхонаи тоҷикӣ дар пойтахти кишвари абарқудрат ҳаводори зиёд дорад.
Вақте ба рӯйхати ғизоҳо шинос шудем, аз нону кулчаю фатир то кабобу қурутобу палов ва дигар хӯрданиҳои миллӣ дар он сабт гардида буданд. Пас аз хӯрдани угрою оши палови хушмаза хостем ба муассиси тарабхона барои фароҳам овардани фазои мусоиду дилкаш ва хизматрасонии олӣ изҳори сипос намоем. Пешхизмат хоҳиши моро пазируфта, ҷавонмарди паҳлавонсуратеро муаррифӣ кард:
- Сарвари муассиса ҳамин кас.
Зимни шиносоӣ Маҳмуд Ҳусейнов изҳор намуд, ки зодаи шаҳри Панҷакент асту 18 сол аст дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунад.
Ӯ мисли дигар муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозор ҳам кор кардаасту дар сохтмон низ. Сипас, ба хулоса меояд, ки ошхонаи махсуси тоҷикӣ таъсис диҳад. Зеро дигар халқҳо дар шаҳри Москва ошхонаю тарабхона доранду тарабхонаи сирф тоҷикӣ ангуштшумор аст. Бархе аз тоҷикон тарабхона дошта бошанд ҳам, онро бо ғизоҳои миллии дигар миллатҳо муаррифӣ менамоянд.
- Мақсад аз таъсиси «Зарафшон», дар баробари гирифтани фоидаи молиявӣ, тарғиби хӯрокҳои миллии тоҷикӣ аст. Бинобар ин, аз он рӯзе, ки онро таъсис додем, тамоми маҳсулотро аз Тоҷикистон ворид менамоем, — гуфт Маҳмуд Ҳусейнов.
Масъулони тиҷорати тарабхона нӯшобаҳоро низ аз Тоҷикистон меоранд ва дар оянда мақсад доранд, ки минбаъд оби шифобахши «Шоҳамбарӣ»-ро ба Москва ворид намоянд, зеро ки зодагони даврони шӯравӣ онро хеле зиёд пурсон мешудаанд.
Дар деворҳои тарабхона либосу асбобҳои мусиқии миллии тоҷикӣ овезон аст. Меҳмонони хориҷӣ ва сокинони Москва бисёр вақт онҳоро барои хотира аксбардорӣ мекунанд. Ходимони тарабхона дар бораи таъриху фарҳанги миллат низ ба онҳо маълумот медиҳанд.
Аксар мизоҷони доимӣ зодрӯз, тӯй ва ҷашну маъракаҳои оилавиро дар «Зарафшон» мегузаронидаанд. Бинобар ин, сафи мизоҷони он торафт зиёд мешавад. Барои мисол, Александр ном сокини шаҳри Москва хотироташро аз тарабхона ба тариқи зайл баён кард:
- Аввал ин ки пазандагони «Зарафшон» хеле ғизоҳои бомаза омода мекунанд. Дуюм ин ки сифати хизматрасонии пешхизматон олӣ аст. Ин ҷо ҳамеша тозаю озода ба назар мерасад. Нархи хӯрокҳо низ гарон нестанд. Бисёр вақт дар ин ҷо падару модаронро бо фарзандонашон мебинам. Албатта, ғизоҳои тоҷикӣ маъқул шудааст, ки ба ин ҷо меоянд.
Суханони ӯро Галина ном бонуи москвагӣ тақвият дода, илова намуд:
- Ман меҳмони доимии тарабхона ҳастам. Аз хӯриш то таомҳои миллӣ — ҳамаро олиҷаноб тайёр мекунанд. Пешхизматон чеҳракушоду хушмуомилаанд. Фазои тарабхона ва ороишоти он хеле ҷолиб аст. Баъзан ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ҷой намерасад. Сабабаш маълум. Дар он ҷое, ки сатҳи хизматрасонӣ баланд аст, талабот ҳам зиёд мешавад.
Норина ном бонуи қирғиз изҳор кард, ки ҳар гоҳ хумори кабоб хӯрданаш гирад, маҳз ба «Зарафшон» меояд. Зеро дар ин ҷо онро бо тамоми санъаташ ва бо гӯшти тоза мепазанд. Гулистони ӯзбекистонӣ ҳам ба сифати хизматрасонии тарабхона баҳои баланд дода, афзуд, ки ягона «камбудӣ»-и он зиёд будани мизоҷон аст. Зеро баъзан барои холӣ шудани мизе вақти зиёд интизор шудан лозим меояд.
- Аз Ватан дур бошем ҳам, ҳамеша бо ёди Ватан ҳастем. Тавассути сомонаю шабакаҳои иҷтимоӣ аз навгониҳои Тоҷикистон огоҳ шуда меистем. Ҳар як дастоварди ҳамватанону ободшавии ҳар як гӯшаю канори мамлакат бароямон неру мебахшад, — изҳор дошт Маҳмуд Ҳусейнов.
Дарвоқеъ, бо Маҳмуд барин фарзандони баруманди миллат фахр мебояд, ки дур аз Ватан барои тарғиби фарҳанги кишвар кӯшиш намуда, дар дили халқҳои дигар меҳри миллату диёрро ҷой медиҳанд.
Самариддин АСОЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум».
Душанбе-Москва-Душанбе