Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Сергей Лебедев

№28 - 29 (4134 - 4135) 03.03.2020

IMG_4821Дуюми марти соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев мулоқот намуд.

Дар он ҷонибҳо оид ба ҷараёни баргузорӣ ва натиҷаҳои интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ табодули афкор намуданд.

IMG_4825Сергей Лебедев ба тадбирҳои омодагӣ ва ҷараёни баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бо риояи талаботи қонунгузории мамлакат ва меъёрҳои байналмилалии амалкунанда баргузор гардид.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ аз Маҷлиси федералии Федератсияи Россияро таҳти роҳбарии раиси Кумитаи кор бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии АвруОсиё ва робита бо ҳамватанони Маҷлиси федералӣ Леонид Калашников ба ҳузур пазируфт.

«Садои мардум»