Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи даъвати Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

№28 - 29 (4134 - 4135) 03.03.2020

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунам:

Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 19 марти соли 2020, соати 900 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 3 марти соли 2020, № 39

Иттилоия

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон иттилоъ медиҳад, ки дар Иҷлосияи бисту дуюми Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, даъвати панҷум баррасии Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соли 2019» ва як қатор масъалаҳои мубрам дар назар дошта шудааст.