- Хонаи охиратат пурнур, оби кавсар нӯшат ва биҳишти ҷовидон насибат бод, модар!
Дилам мехоҳад ба ту ширинтарин сухан ва беҳтарин ҳадяро туҳфа кунам. Вале ҳайҳот, ки туро мекобаму намеёбам.
Шаб. Садои занги телефон баланд шуд. Гӯширо бардоштам. «Модарат бемор аст, — садое омад ба гӯшам, — пагоҳ беморбинӣ биё». Соати 2-и шаб ба сӯи деҳа роҳ пеш гирифтам. Дар роҳ гиря кардам, вале боз худро тасалло медодам: модари ман иншооллоҳ шифо меёбад. Худо аз он рӯзи сахт нигоҳ дорад…
Вақте ба деҳа расидам, соат 6-и саҳар буд. Чашмам ба он баландӣ, ба ҷое, ки онро «мазори хомӯшон» мегӯем, афтид. Дидам, ки он ҷо мардон андармони коре буданд. Пеши чашмонам сиёҳ шуд ва ларзиши ҷонсӯзе баданамро фаро гирифту худро дошта натавониста, дод задам, наход онҳо он ҷо гӯри модари маро….
Мошин ба манзиламон наздик шуд. Дидам, ки кӯча пур аз одам, марду зан равуо доранд. Дигар ҳама умедам барбод рафт, гӯё осмон ба замин расид, фиғонам ба осмон дака хӯрд. Ба ҳавлӣ даромадам, садои нолаи фарзандони падарам дунёро пур карда буд. Падарам дар рӯи ҳавлӣ маро ба оғӯш кашиду гиря кард. Гӯё пойҳоям шикастанд, ҳарчанд мехостам ба хона дароям, наметавонистам…
Вақте ба хона даромадам, ту дар байни ҳуҷра хоб будиву фарзандонат дар гирдат оҳу нола доштанд. Худоё, модари ман бе ягон беморӣ… ва зор — зор гиря карда, туро ба оғӯш гирифтам. Вале ту бедор нашудӣ…
Аз он рӯзи сиёҳ 16 сол гузашт, вале ман чун чӯби тар дар оташ месӯзам.
Ҳамон вақт омад — омади баҳор буд. Инак, боз баҳори нозанин бо хониши булбулон ва шим — шими борон аз роҳ мерасад. Вале ман на баҳорро интизорӣ мекашам, на Рӯзи Модарро. Чунки бо омад — омади баҳор дарду ғам ва ёди ту, модарҷон, аз сари нав тоза мешавад. Фикр мекунам, ки туро нав — дар ҳамин баҳор аз даст додаам.
Ман баҳорро дӯст намедорам, вале борони онро дӯст медорам. Ҳамин ки шим -шими борон ба гӯшам мерасад, аз хона баромада, дар таги борон қадам мезанам, то борон бар сару рӯям, ба дили пуроташам резад. Баъди чанд лаҳза фикр мекунам, ки борон оташи диламро хомӯш мекунад.
Хеле мушкил аст Рӯзи Модарро бе модар гузаронидан.
Модар, 16 сол аст Рӯзи Модар — иди туро бо «хоки мазор»-ат мегузаронам, хоке, ки баъди дафн аз гӯри ту ба ман оварданд.
Ҳар сол 8-уми март ба назди «хоки мазор»-и ту меоям ва аз кӯза онро мегираму ба сару рӯям, ба чашмонам молида, гаштаю баргашта мебӯсам. «Хоки мазор»- ат бӯи туро дорад. Ман Рӯзи Модарро ба «хоки мазор»- и ту табрик мегӯям.
Модарҷон, дар зиндагӣ ҳамеша чашмат пур аз ашк буд. Марги писари ғӯрамарги 22-солаат сахттарин зарбаи зиндагӣ буд. Баъд аз он рӯзи сахт ман дигар чашмони туро бе ашк надидаам.
Модар, то худ модар нашудам, ба қадрат нарасидам. Вақте дарду ғами фарзандро дидам, ба қадри ғаму дарди модар расидам. Модар ҳамеша барои фарзанд месӯзад, аз ин рӯ, бузургтарин олиҳаи зиндагист, бебаҳотарин туҳфаи илоҳист.
Модарҷонам, ман худ модар ҳастам. Шукронаи хонаи обод, шукронаи фарзандони солим, шукронаи киблагоҳам, шукронаи неъмате, ки Парвардигор бароям додааст, мекунам. Вале ҷои ту дар дили ман холист…
Хонаи охиратат пурнур бод, модарҷони биҳиштиям!
Хайринисо РАҶАБОВА, сокини шаҳри Душанбе