Чанде пеш вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо ҳайати гурӯҳи соҳибкорони аъзои Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Ҷумҳурии Туркия (TUSKON) оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба баргузор гардид.
Раиси Кумита меҳмононро хайрамақдам гуфт ва аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ёдовар шуда, иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбуд бахшидани фазои сармоягузорӣ тамоми тадбирҳоро меандешад. Исботи ин гуфтаҳо сол аз сол зиёд гардидани сармояи мустақим ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ, ҳавасмандии ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ дар тендерҳои сармоягузорӣ мебошад, ки дар натиҷа ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи камбизоатии мардум поин меравад.
Меҳмонон дар навбати худ иброз доштанд, ки мо барои дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳоямон дар самти сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда тамоми тадбирҳоро меандешем.
Қодири Қосим ба меҳмонон рӯ оварда, таъкид кард, ки дар амалигардонии ин ҳадафҳо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша шарику ҳамкори бевоситаи шумо мебошад.
Ҷонибҳо ҳавасамандии худро дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён намуда, барои дар оянда густариш бахшидани корҳо дар самти соҳибкориву сармоягузорӣ ибрози омодагӣ карданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»